Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 № 1644 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 июни соли 2019, № 1411

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июли соли 2019, № 706

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №9, мод. 838; с. 2013, №12, мод. 889, 890; с. 2015, №3, мод. 210, №11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, №3, мод. 150, №11, мод. 883; с. 2017, №1-2, мод. 21, №5, қ.1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, №7-8, мод. 529; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, №1620) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. То 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз (минбаъд - меъёри пасткардашуда), ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда андозбандӣ карда мешаванд.".

Моддаи 2. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ аз лаҳзаи интишори расмӣ ва барои хизматрасонии таълимӣ аз 1 январи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 19 июли соли 2019, № 1644