Методологияи ҳисоби тариф дар давраи гузариш аз 22 июни соли 2019 № 331

Санаи амалкуни: 26.10.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз " 22 " июни соли 2019, № 331

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз " 22 " июни соли 2019, № 331

МЕТОДОЛОГИЯИ ҲИСОБИ ТАРИФ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. То бапуррагӣ ташаккул ёфтани бозори неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти мустақили корхонаҳои самтҳои алоҳидаи неруи барқ (марҳилаи навбатии тачдиди сохтори идоракунии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик"), тавре дар банди 3 Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда шудааст, мақоми танзимкунанда барои муайян намудани даромади зарурӣ ва тарифҳо барои истифодабарандагони ниҳоӣ Методологияи мазкурро ҳамчун Методологияи ҳисоби таъриф дар давраи гузариш истифода менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494).

2. Тарифҳое, ки дар асоси Методологияи мазкури давраи гузариш пешниҳод гардидааст, ҳарсола аз нав бознигарӣ карда мешаванд.

2. МУНОСИБАТИ МУТАҚОБИЛАИ БАЙНИ КОРХОНАҲО ВА МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДА

3. Корхонаҳои/ширкатҳои дар соҳаи неруи барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда барои пешниҳоди мавод ва маълумоти дахлдори дар поён овардашуда, ки дар корбарии мақоми танзимкунанда заруранд, масъул мебошанд:

- корхонаҳои/ширкатҳои интиқолдиҳанда дар назди мақоми танзимкунанда дар пешниҳоди тавозуни неруи барқ барои соли оянда ва дар ҳолати зарурӣ, барои панҷ соли минбаъда;

- корхонаҳои\ширкатҳои тақсимкунанда дар назди мақоми танзимкунанда дар пешниҳоди талабот ба неруи барқ.

...

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июни соли 2019, № 331

 

МЕТОДОЛОГИЯИ ҲИСОБИ ТАРИФ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ

 

Матни Методология