Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "22" июни соли 2019, № 331
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "22" июни соли 2019, № 331
МЕТОДОЛОГИЯИ ҲИСОБИ ТАРИФИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 494)
1. Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Методология) тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми амалигардонии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, № 259 тасдиқ шудааст ва дар доираи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори идоракунии ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, мақсад аз он муайян намудани қоидаю расмиёти шаффоф ва фаҳмои ҳисоби тарифи фурӯши неруи барқ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сохторҳои (субъектҳои) хизматрасонии таъминоти неруи барқ ва истеъмолкунандагони ниҳоӣ мебошад.
2. Дар таҳияи Методологияи мазкур таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияю пешниҳодҳои шарикони рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд) ва хусусиятҳои хоси соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, он барои корбарии мақоми ваколатдор дар батанзимдарории фаъолияти корхонаҳои мустақили самтҳои алоҳидаи фаъолият дар соҳаи энергетикаи барқӣ муайян карда шудааст.
3. Бо дар назар доштани мураккабии ҷараёни гузариш аз сохти амалкунанда ба сохти дигари танзими тариф ва идоракунии соҳа, ки вақти муайянеро талаб менамояд, дар марҳилаи аввали гузариш ба Методологияи нав дар корбарии амалӣ Методологияи давраи гузариш истифода бурда мешавад.
4. Методологияи мазкур дар амалисозии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминот бо неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, тариқи ҷорӣ намудани тарифҳои тиҷоратӣ, риояи манфиатҳои иқтисодии иштирокчиёни бозори дохилии неруи барқ ба худтаъминкунии молиявии субъектҳои хоҷагидори соҳа ва бо ин васила ба рушду нумӯи минбаъдаи инфрасохтори соҳаи энергетикаи барқии кишвар заминаҳои зарурӣ хоҳад гузошт.
5. Методология дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" аз ҷониби мақоми танзимкунандаи соҳаи неруи барқ мавриди истифода ва корбарӣ қарор гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҷониби мақоми мазкур такмил дода мешавад.
6. Методология асосан аз қисматҳои зерин иборат буда, фарогири чунин масъалаҳо мебошад:
...