Банди 5. бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60, аз 2.04.2015 № 206)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60, аз 2.04.2015 № 206)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома ва сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 54 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Хадамоти махсус барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба миқдори 15 воҳид муқаррар карда шавад (, .
3. Ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор, аз ҷумла 1 муовини аввал дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузориҳо, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.
5. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд.
6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 рақами "1470" ба рақами "1515";
- дар банди 3 рақами "85" ба рақами "93" иваз карда шавад.
...