Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019 № 1610 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 апрели соли 2019, № 1322

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июни соли 2019, № 663

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №78, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод. 268, мод. 269; с.2019, №1, мод.8), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 30 калимаи "монополияҳои" ба калимаи "инҳисороти" иваз карда шавад.

2. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 542 калимаи "монополии" ба калимаи "инҳисории" иваз карда шавад.

3. Дар диспозитсияи моддаи 543 калимаҳои "шартнома, қарордод" ба калимаҳои "шартномаҳо, созишномаҳо" иваз карда шаванд.

4. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 544 калимаҳои "мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мансабдори мақомоти давлатӣ" иваз карда шаванд.

5. Ба диспозитсияи моддаи 553 пас аз калимаи "накардани" калимаи "маълумот," илова карда шавад.

6. Номи моддаи 556 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 556. Ба буҷети давлатӣ нагузаронидани даромади (фоидаи) бе риояи қонунгузорӣ бадастовардашуда".

7. Дар моддаи 558:

- дар номи модда калимаҳои "монополияҳои табиӣ" ба калимаҳои "инҳисороти табиӣ ва ба он пешниҳод накардани дархост" иваз карда шаванд;

- дар диспозитсияи қисми 1 калимаи "монополияҳои" ба калимаи "инҳисороти" иваз карда шавад;

- диспозитсияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Барои аз тарафи субъектҳои инҳисороти табиӣ ба мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ пешниҳод накардани дархост оид ба додани ризоият дар хусуси анҷом додани амалҳо ва огоҳ накардани он дар бораи соҳиб гардидан ба шумораи овозҳое, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст, -";

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Барои аз тарафи шахс ё гурӯҳи шахсон огоҳ накардани мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти инҳисороти табиӣ дар хусуси соҳиб гардидан ба шумораи бештари овозҳо ё тағйири овозҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки қонунгузорӣ дар бораи инҳисороти табиӣ муқаррар намудааст,

ба шахсони мансабдор ба андозаи аз шаст то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ду ҳазор то се ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 20 июни соли 2019, № 1610

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Принят Постановлением МН МОРТ

от 26 апреля 2019 года, №1322

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июня 2019 года, №663

Статья 1. Внести в главу 30 Кодекса Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятого Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст.989, ст.990; 2009 г., №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г., №1, ст.2, от.5, №3, ст. 153, №7, ст.547, №12, ч1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.256, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст.1004; 2013 г.,№3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст.143, от. 144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11,ст. 955, №12, ч.1, ст.1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст.132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст.877; 2017 г., №1-2, ст.5, ст.6, №5, ч.1, ст.275, №7-9, ст.568, ст.585; 2018 г., №1, ст.9, №5, ст.268, ст.269; 2019 г., №1, ст.8), следующие изменения и дополнения:

1. В диспозиции статьи 543 слова "договора, соглашения либо иной сделки" заменить словами "договоров, соглашений либо иных видов сделок".

2. В названии и диспозиции статьи 544 слова "лицами исполнительного органа государственной власти" заменить словами "лицами государственного органа".

3. Диспозицию статьи 553 после слова "законодательством" дополнить словом ", сведений,".

4. Название статьи 556 изложить в следующей редакции:

"Статья 556. Неперечисление в государственный бюджет полученных без соблюдения законодательства доходов (выручки)".

5. В статье 558:

- название статьи после слова "монополий" дополнить словами ", и непредоставление ему запроса";

- диспозицию части 2 изложить в следующей редакции:

"2. Непредоставление субъектами естественных монополий уполномоченным органам по регулированию деятельности естественных монополий запроса о даче согласия на совершение действий и неуведомление их о приобретении количества голосов, установленных законодательством о естественных монополиях, -";

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Неуведомление лицом или группой лиц уполномоченных органов по регулированию деятельности естественных монополий о приобретении большинства голосов или изменении голосов, принадлежащих им, установленных законодательством о естественных монополиях,

влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от шестидесяти до ста и на юридические лица от двух тысяч до трёх тысяч показателей для расчетов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 20 июня 2019 года, №1610