Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 № 331 "Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2026 № 590 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади танзими раванда иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи энергетикаи барқии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Методологияи ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Муқаррар карда шавад, ки то гузаштан ба шакли нави идоракунӣ, таъсис ёфтани корхонаҳои самтҳои алоҳидаи фаъолият ва ташаккули бозори неруи барқ, инчунин таъсис дода шудани мақоми мустақили танзимкунандаи соҳа ҳисоби тарифи неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Методологияи ҳисоби тариф дар давраи гузариш амалӣ карда мешавад (замимаи 2).

3. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва субъектҳои дигари хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, иҷрои муқаррароти методологияҳои мазкурро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

...

аз 22 июни соли 2019 № 331

ш.Душанбе