Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд.".

2. Ба Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, № 207-7 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 баъд аз калимаҳои "бо мақсади" калимаҳои "ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ ва" илова карда шавад;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҷудокунии хатти алоҳидаи алоқаи маҳаллӣ ва пайвасткунии хизматрасонии интернет ба амал бароварда мешавад.";

- дар сархати якуми банди 5 баъд аз калимаи "мувофиқи" калимаҳои "иҷозатномаи мақоми ваколатдор ва" илова карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 5, бандҳои 6, 8, сархати дуюми зербанди б) банди 13, сархати сеюми банди 17, сархати дуюми банди 18 ва сархати дуюми банди 19 калимаҳои "шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ)" ба калимаҳои "шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014" иваз карда шаванд;

- аз банди 7 калима ва рақами "банди 5" хориҷ карда шаванд;

- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан, постановляет:

1. Пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7 "О Порядке и требованиях подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними" изложить в следующей редакции:

"3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан принять меры в течение 6 месяцев по оформлению на имя одного лица не более двух симкарт во всех операторах услуг электрической связи и перерегистрации симкарт лиц, не имеющих паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года.".

2. В Порядок и требования подключения к сетям электрической связи и оказания услуг, связанных с ними, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 апрели 2016 года, №207-7, внести следующие изменения и дополнения:

- пункт 1 после слов "с целью" дополнить словами "пополнения баланса пользователей мобильной связи денежными средствами и";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Подключение абонентов к сети электрической связи осуществляется путем регистрации симкарт, соединения к сети мобильной связи мобильных средств, работающих без симкарт, выделения отдельной линии местной связи и соединения услуги интернет.";

- в пункте 4 слово "разрешением" заменить словом "лицензией".

- абзац первый пункта 5 после слова "соответствии" дополнить словами "лицензии уполномоченного органа и";

- в абзаце втором пункта 5, пунктах 6, 8, абзаце втором подпункта б) пункта 13, абзаце третьем пункта 17, абзаце втором пункта 18 и абзаце втором пункта 19 слова "паспорта гражданина Республики Таджикистан (идентификационные карты)" и "паспорта гражданина Республики Таджикистан (идентификационной карты)" заменить словами "паспорта гражданина Республики Таджикистан образца 2014 года";

- из пункта 7 слово и цифру "пункта 5" исключить;

- пункт 9 изложить в следующей редакции:

...