ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2015, № 510
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз муқаддимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2015, № 510 "Дар бораи Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2015, № 510 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар муқаддима, банди 7, номи боби 3, бандҳои 23, 24, 25, номи боби 5 калимаҳои "муҷозоти" ва "Муҷозоти" мувофиқан ба калимаҳои "ҷазои" ва "Ҷазои" иваз карда шаванд;
- аз банди 1 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- сархати дуюми банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ;";
- дар банди 19 калимаи "афсарони" ба калимаи "сафорони" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаштуми банди 21 калимаҳои "вазифаи штатии" ба калимаи "мансаби" иваз карда шавад;
- дар банди 23 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- танбеҳи қатъӣ;";
- дар банди 23 сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
...