Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд аз 29 декабри соли 2018 № 603

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 603

Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд (минбаъд - Тартиб) барои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос барои расонидани кумаки зидди бемории сил равона карда мешавад.

2. Ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд (минбаъд - кормандони тиб) имтиёзҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.

2. Намуди кафолатҳо ба кормандони тиб

3. Ба кормандони тиб вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта ва рухсатии иловагии ҳарсолаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

4. Ба маоши вазифавии кормандони тиб иловапулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз мутобиқи ставкаи тарифӣ муқаррар карда мешавад.

5. Ба кормандони тиб дар истироҳатгоҳу курортҳо табобати имтиёзнок кафолат дода мешавад.

6. Ҳангоми марги корманди тиб аз бемории сил аъзои оилаи ӯ то ба балоғат расидани фарзандон зери парастории давлат қарор дода шуда, ба оилаи фавтида то ба балоғат расидани фарзандон музди меҳнати ӯ 100 фоиз пардохт мегардад.

3. Додани кафолатҳо ба кормандони тиб

7. Ба маоши вазифавии кормандони тиб, ки дар марказҳо ва беморхонаҳои сили ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, осоишгоҳҳои зиддисилӣ, озмоишгоҳ, шуъба ва ҳуҷраҳои махсусгардонишудаи муассисаҳои тандурустӣ, ки бар зидди бемории сил фаъолият доранд, иловапулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз дода мешавад.

8. Иттифоқи касабаи муассисаҳои тандурустии дахлдор уҳдадоранд дар навбати аввал роҳхатҳоро барои осоишгоҳу курортҳо ба кормандони тиб, ки ба расонидани кумаки зидди бемории сил машғуланд, пешниҳод намоянд. Осоишгоҳу курортҳои интихобгардида барои кормандони тиб бояд ҷавобгӯйи омили барқарорсозандаи вазъи саломатӣ бошанд.

9. Муассисаи дахлдори тандурустӣ уҳдадор аст ба оилаи корманди тиб, ки аз бемории сил фавтидааст, то ба балоғат расидани фарзандонаш 100-фоиза музди меҳнати ӯро таъмин намояд. Ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби муассисаи тандурустии дахлдор амалӣ карда мешавад.

4. Маблағгузории Тартиби мазкур

10. Маблағгузории Тартиби мазкур аз ҳисоби маблагҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, грантҳо ва сарчашмаҳои иловагие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ мегардад.

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро ҷиҳати пардохти кафолатҳои болозикр пешбинӣ менамояд.

12. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми банақшагирии буҷети маҳаллӣ бояд иҷрои Тартиби мазкурро ба инобат гиранд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

13. Амалӣ намудани Тартиби мазкур андешидани чораҳои ташкилӣ, моддӣ ва молиявиро талаб мекунад.

14. Иҷрои Тартиби мазкур имконият медиҳад, ки табибон бештар ба кори зидди бемории сил ҷалб гардида, вазъи иҷтимоии онҳо беҳтар шуда, барои тарбияи табибони соҳибихтисос шароит фароҳам оварда шавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 603

Номгӯйи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд

Кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил дар марказҳо ва беморхонаҳои сили ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, осоишгоҳҳои зиддисилӣ, озмоишгоҳҳо, шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи муассисаҳои тандурустӣ иштирок менамоянд ва ҳуқуқи гирифтани кафолати давлатиро доранд:

- ҳайати роҳбарият (роҳбарон ва муовинони роҳбар);

- табибон;

- кормандони миёнаи тиббӣ;

- кормандони хурди тиббӣ;

- равоншиноси тиббӣ (психолог);

- мураббиҳо;

- омӯзгорон;

- кормандони шуъбаи хоҷагӣ (кормандони анборҳо, сартарош, дарзмолгар, дӯзанда, кормандони ошхона, тозакор, ҳавлирӯб, посбон, ронандагони нақлиёти махсус ва кормандони дигар ҳангоми кор дар дохили шуъбаю ҳуҷраҳо).