ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2018, № 1238
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 586
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7-8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7-8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1-2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5, № 5, мод. 266, № 7-8, мод. 522), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 129:
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои "се то панҷ" ба калимаҳои "панҷ то ҳашт" иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои "панҷ то ҳафт" ба калимаҳои "ҳашт то дувоздаҳ" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 207 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 207. Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ
1) Вайрон кардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст,
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.".
3. Қисми 2) моддаи 210 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2) Ҳамин кирдор, агар он аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои сирояти вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.".
4. Дар моддаи 210(1):
- санксияи қисми 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо ҷарима ба андозаи аз ду ҳазор то чор ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.";
- санксияи қисми 3) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1555