Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2018, № 603
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2018, № 603
Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026
№ 305)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд (минбаъд - Тартиб) барои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос барои расонидани кумаки зидди бемории сил равона карда мешавад.
2. Ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд (минбаъд - кормандони тиб) имтиёзҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ ва дигар имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ кафолат дода мешавад.
2. Намуди кафолатҳо ба кормандони тиб
3. Ба кормандони тиб вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта ва рухсатии иловагии ҳарсолаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ба маоши вазифавии кормандони тиб иловапулӣ дар ҳаҷми 100 фоиз мутобиқи ставкаи тарифӣ муқаррар карда мешавад.
5. Ба кормандони тиб дар истироҳатгоҳу курортҳо табобати имтиёзнок кафолат дода мешавад.
6. Ҳангоми марги корманди тиб аз бемории сил аъзои оилаи ӯ то ба балоғат расидани фарзандон зери парастории давлат қарор дода шуда, ба оилаи фавтида то ба балоғат расидани фарзандон музди меҳнати ӯ 100 фоиз пардохт мегардад.
...