Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд аз 30 ноябри соли 2018 № 563

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" ноябри соли 2018, № 563

 

Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

1. Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардонидан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - ҷоиза) муқаррар менамояд.

2. Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:

- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;

- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

4. Довталаби ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, мутахассиси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.

5. Довталаби ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои зеҳнии эътирофгардида соҳиб гардида, натиҷаи тадқиқоташ дар истеҳсолот ҳамчун навоварӣ татбиқ гардидааст, ба натиҷаи пешниҳоднамудааш ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода шуда, ба талаботи сархати дуюми банди 3 Низомнома ҷавобгӯ мебошад.

6. Довталаби озмун ҳуқуқи иштирокро то синни 35 дорад.

...

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади рушди минбаъдаи иқтидори илмӣ ва ҳавасманд гардонидани олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 301 "Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд", дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 ноябри соли 2018 № 563

ш.Душанбе