Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ аз 31 октябри соли 2018 № 518

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" октябри соли 2018, № 518

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" октябри соли 2018, № 518

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ НАМОЯНДАГИИ ТИҶОРАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ (минбаъд - Низомномаи мазкур) асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа (минбаъд - намояндаи тиҷоратӣ) муқаррар, инчунин вазифаҳо ва уҳдадориҳои онро муайян мекунад.

2. Намояндаи тиҷоратӣ қисми таркибии ҳайати намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат буда, таҳти роҳбарии бевоситаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷа ва ё сафир (минбаъд - Сафир) фаъолият мекунад. Ҳуқуқу уҳдадориҳои намояндаи тиҷоратӣ ё атташеи тиҷоратӣ бо низомнома дар бораи сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Намояндаи тиҷоратӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. ВАЗИФАҲОИ НАМОЯНДАИ ТИҶОРАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4. Вазифаҳои асосии намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ инҳоянд:

- пешбурди сиёсати иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат, мусоидат ба тавсеа ва диверсификатсияи содироти молу хизматрасонии ватанӣ, муҳайё намудани шароит барои амалисозии афзалиятҳои рақобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлил ва пешбинии вазъи муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати иқомат ва таҳияи пешниҳодҳо доир ба такмили онҳо;

- иштирок дар таҳия ва таъмини мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои иқтисодии байналмилалӣ;

- паҳн намудани маълумот оид ба иқтисод ва фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 октября 2018 года, №518

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 октября 2018 года, №518

ПОЛОЖЕНИЕ О ТОРГОВОМ ПРЕДСТАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЗА ГРАНИЦЕЙ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о торговом представительстве Республики Таджикистан за рубежом (далее - настоящее Положение) устанавливает правовые основы формирования и деятельность торгового представительства Республики Таджикистан за рубежом (далее-торговый представитель), а также определяет его задачи и функции.

2. Торговый представитель является составной частью дипломатического представительства Республики Таджикистан в государстве пребывания и действует под непосредственным руководством чрезвычайного и полномочного посла Республики Таджикистан в иностранном государстве или посла (далее-Посол). Права и обязанности торгового представителя или торгового атташе Республики Таджикистан определяются положением о посольствах Республики Таджикистан.

3. Торговый представитель в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Президента Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, положением о посольствах Республики Таджикистан и настоящим Положением.

2. ЗАДАЧИ ТОРГОВОГО ПРЕДСТАВИТЕЛЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

4. Основными задачами торгового представителя Республики Таджикистан за границей являются:

- реализация внешнеэкономической политики Республики Таджикистан в государстве пребывания, содействие расширению и диверсификации экспорта отечественных товаров и услуг, создание в государстве пребывания условий для реализации конкурентных преимуществ Республики Таджикистан, анализ и прогнозирование состояния внешнеэкономических отношений Республики Таджикистан с государством пребывания и подготовка предложений по их совершенствованию;

- участие в разработке и обеспечении позиции Республики Таджикистан в международных экономических организациях;

- распространение в государстве пребывания информации об экономике и инвестиционном климате в Республики Таджикистан;

...