Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 № 484 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2016, № 237 "Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 46 рақами "13-00" ба рақами "13-10" иваз карда шавад;

- банди 49 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"49. Соли таҳсил 36 ҳафтаи (барои синфҳои 1 35 ҳафтаи) таълимиро дар бар гирифта, ба чор чоряк тақсим мешавад:

- чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр;

- чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр;

- чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март;

- чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн.

Дар давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шӯрои педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар карда мешавад:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2016 года, №237

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Типовое положение об общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 июня 2016 года, №237 "О Типовом положении об общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан", следующие изменения:

- в пункте 46 цифру "13-00" заменить цифрой "13-10";

- пункт 49 изложить в следующей редакции:

"49. Учебный год продолжается 36 недель (для учащихся 1-го класса 35 недель) и делится на четыре четверти:

- первая четверть с 1 сентября по 31 октября;

- вторая четверть с 11 ноября по 31 декабря;

- третья четверть с 11 января по 20 марта;

- четвертая четверть с 1 апреля по 14 июня.

В течение года в конце каждой четверти подытоживается уровень и качество знаний учащихся и рассматривается на педагогическом совете.

В образовательных учреждениях для учащихся устанавливаются следующие каникулы:

- осенние каникулы -10 дней (с 1 по 10 ноября);

...