Низомномаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2018 № 396

Санаи амалкуни: 27.08.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "6" августи соли 2018, № 396

Низомномаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344, аз 27.08.2020 № 466, аз 01.11.2024 № 590)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур мақсад, ваколатҳо ва асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - Агентӣ) муайян менамояд.

2. Агентӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи содирот татбиқ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590).

3. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳ, қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

4. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

5. Номи пурраи Агентӣ:

- бо забони давлатӣ "Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- бо забони русӣ "Агентство по экспорту при Правительстве Республики Таджикистан";

- бо забони англисӣ "Agency for export under the Government of the Republic of Tajikistan".

2. Мақсадҳои асосии Агентӣ

6. Фаъолияти Агентӣ ба ташаккул, рушд ва пешбурди низоми ягонаи дастгирии давлатии содирот нигаронида шуда, аз мақсадҳои асосии зерин иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590):

- мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар;

- мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ки шароити рақобатпазириро барои молу хизматрасониҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ таъмин менамояд;

- мусоидат ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурӯши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои фурӯш ва содироти молу хизматрасониҳои истеҳсоли корхонаву ширкатҳои ватанӣ.

3. Вазифаҳо, ваколат ва ҳуқуқҳои Агентӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590)

7. Агентӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- мусоидат ба афзоиши миқдор ва номгӯи нави истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда;

- ҳамкорӣ ва мусоидат намудан дар таҳия ва татбиқи стратегияи содирот, маркетинг, мавқеъгирӣ дар бозор ва менеҷменти дастгирии фаъолияти иқтисодии хориҷии субъектҳои хоҷагидор;

- дастгирии иттилоотию машваратӣ ва мусоидати маркетингию таҳлилӣ барои рушд додани содироти молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидор;

- ҷалб намудани субъектҳои хоҷагидор ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо истифодаи шабакаҳои байналмилалии дастгирии соҳибкорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- ташкили субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оид ба харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар;

- мусоидат дар мутобиқ намудани молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба талабот ва меъёрҳои кишварҳои хориҷӣ;

- мусоидат барои баргузор намудан ва иштирок дар таҳқиқотҳои бозоршиносӣ барои баровардани молу маҳсулот ва хизматрасониҳои субъектҳои хоҷагидори ватанӣ ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ;

- иштирок ва мусоидат намудан дар таҳияи барномаи ташаккули гурӯҳҳои (кластерҳои) асосии молҳои содиротӣ, аз ҷумла марказҳои рушди кластерӣ ва механизми татбиқи он;

- тартиб додани феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки ба содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ машғуланд, таъмин намудани корхонаҳои номбурда бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар ин корхонаҳо;

- мусоидат ҷиҳати дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба стандартҳо ва регламентҳои техникии миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тавассути ба даст овардани стандарт, тарҷума, махзани электронии маълумот дар бораи стандартҳо;

- якҷо бо мақомоти ваколатдор ва коршиносон мусоидат намудан ба субъектҳои хоҷагидор барои пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ вобаста ба тамғаи (бренди) миллӣ, борҷомакунӣ, бастабандӣ, тамға, сертификатсиякунонӣ, хулосаи озмоишгоҳи аккредитатсияшуда ва мусоидат дар интиқоли бор ва фурӯши он дар хориҷи кишвар (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, интиқол ва фурӯши он дар хориҷи кишвар тибқи тартиби муқарраргардида;

- пешниҳод намудани таклиф ва тавсияҳо оид ба содагардонии расмиёти содиротӣ ва дигар масъалаҳо вобаста ба он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590);

- мусоидат намудан барои истифодаи мақоми давлатии содироткунандаи боэътимод дар маводди таблиғотӣ ва маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ;

- таъсис ва рушди ниҳоди таълимӣ бо мақсади ба содироткунандагон омӯзонидани малакаҳои тиҷорати содиротии даромаднок, тайёр намудани мутахассисони коршинос оид ба содирот ва таъмини кори устувори ниҳоди мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ;

- иштирок дар амалисозии сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушд ва дастгирии содирот, мусоидат ба амалисозии барномаҳои давлатии соҳавӣ;

- дар самти дастгирии молиявӣ тибқи тартиби қонунгузорӣ мусоидат ба ташкилотҳои содироткунанда дар амалисозии низомҳои байналмилалии стандартизатсия ва сертификатсияи миллӣ ва хориҷӣ, бақайдгирии маҳсулоти миллӣ дар мақомоти ваколатдори хориҷӣ, инчунин иштироки ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои байналмилалӣ, муаррифномаҳо ва чорабиниҳои таблиғотӣ, аз ҷумла пешбурди маҳсулот ва брендҳои анъанавӣ дар бозорҳои эҳтимолӣ тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ;

- мусоидат ба раванди ташаккули механизми суғуртаи содирот;

- ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти босамари хонаҳои савдои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамасола пешниҳод намудани содироткунандагони боэътимод ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ;

- таъсиси марказҳои дастгирии содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва пешбурди фаъолияти босамари онҳо;

- мусоидат ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати ташкили ассотсиатсияҳои соҳавии содиротӣ бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишвар (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590);

- иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ бо мақсади пешбурди тамғаи (бренди) маҳсулоти ватанӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- якҷо бо мақомоти ваколатдор ва субъектҳои хоҷагидор таҳия намудани маълумот оид ба тамғаи молӣ, аломатҳои ишоравӣ, маълумоти молӣ ва номи тиҷоратии молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда бо забони истеъмолкунандагон;

- пешниҳоди таклиф ба мақомоти ваколатдор вобаста ба меъёрҳои тарифҳои боркашонӣ барои содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ, тадбирҳои тахфифи ҳаҷм ва номгӯи молу маҳсулоти содиротӣ вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ;

- пешниҳоди таклиф ба мақомоти ваколатдор дар бораи таъсис додан ва иштирок дар ташкили марказҳои логистикӣ, нуқтаҳои анҷомдиҳии амалиёти боркунӣ ва таҳвили молу маҳсулоти содиротӣ ба ҷойҳои барои субъектҳои хоҷагидор мусоид;

- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба кам намудани монеаҳои маъмурию техникӣ ҳагоми содирот ва транзити молу маҳсулот, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии мол, назорати сифат ва бехатарӣ, инчунин бартараф намудани дигар мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти савдо ва хизматрасониҳо;

- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор ҷиҳати тезонидани ҷараёни таҳияи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ, аккредитасияи байналмилалии озмоишгоҳҳо, татбиқи равзанаи ягонаи барасмиятдарории содироту воридот ва содда гардонидани расмиёти савдо;

- гузаронидани мониторинги иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ ҳангоми содирот;

- мусоидат барои дар амалияи корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000 ва НАССР;

- мусоидат дар ташаккул додани шаклу усулҳои савдои наздисарҳадӣ ва транзитӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ дар масъалаи муаррифии молҳои истеҳсоли ватанӣ, мусоидат дар гузаронидани таҳқиқоти маркетингии маҳсулоти нав ва дарёфти бозорҳои нави содироти молу маҳсулот;

- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати ташкил ва таҷдид намудани сомонаи субъектҳои ҳоҷагидорӣ ба содирот нигаронидашуда дар шабакаҳои итгилоотӣ - коммуникатсионии интернет, захираҳои иттилоотии корхонаи воҳиди давлатии "Равзанаи ягона"-и назди Хадамоти гумрук ва сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо (http://medt.tj)) бо дар назар доштани мундариҷаи маълумот дар бораи субъект, инчунин истеҳсоли мол (иҷрои корҳо, пешниҳоди хизматрасонm) бо забонҳои давлатию хориҷӣ;

- ҳамасола миёни субъектҳои ҳоҷагидор ташкил ва баргузор намудани озмуни "Содиркунандаи беҳтарини Тоҷикистон" дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор;

- банақшагирии ташрифи намояндагони ширкату корхонаҳо ва доираи соҳибкорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат дар рушди ҳамкориҳо бо субъектҳои хоҷагидори кишвар ва бастани шартномаву созишномаҳо, қарордодҳои содиротӣ ва тафоҳумномаҳо;

- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши субъектҳои хоҷагидор ва хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯи фаъолияти содирот ва имкониятҳои рушди он дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, мавқеъгирӣ ва дарёфти ҷойҳои нав дар бозор, инчунин усулҳои муосири гузаронидани гуфтушунидҳо ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ, трейнингҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, форумҳо, мастер-класҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ;

- мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақом ва рейтинги байналмилалии савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти савдои беруна тибқи меъёру қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар самти содироти савдо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунгузории амалкунанда дар самти рушди содирот.

8. Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590);

- мутахассисони мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар корхонаҳоро тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар доираи ваколатҳои худ ҷалб намояд;

- дар доираи ваколатҳои худ маълумотро вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дархост ва пешниҳод намояд;

- кормандонро ҷиҳати иштирок дар конференсияҳо, даврҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо, аз ҷумла дар ҳудуди ҷумҳурӣ сафарбар намояд;

- омӯзонидани кормандонро бо мақсади такмили ихтисоси онҳо, аз ҷумла аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории Агентӣ амалӣ намояд;

- оид ба пепшиҳоди ҳавасмандгардонӣ, имтиёз ва кафолатҳои содиротӣ таклиф пешниҳод намояд;

- амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигар мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590).

81. Ба ваколатҳои Агентӣ дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590):

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи содирот;

- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи содирот ва пешниҳод намудани онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ташкил ва пешбурди кори махзани маълумот оид ба содироткунандагони ватанӣ;

- мусоидат ба субъектҳои содиротӣ ҷиҳати ворид шудан ба платформаҳои пешрафтаи тиҷорати электронӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат ва роҳандозӣ намудани низом ва маҷмуи хизматрасониҳои давлатӣ ба содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди босамари равандҳои содиротӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи содирот бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бо намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд;

- мусоидат ба содироткунандагон дар тадбирҳои дастгирии молиявӣ ва ғайримолиявӣ барои кам кардани маҷмуи хароҷоти субъектҳои содироткунанда тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ;

- пешбурди кори низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590).

4. Ташкили фаъолияти Агентӣ

9. Ба фаъолияти Агентӣ директор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

10. Директор ду муовин дорад, аз ҷумла як муовини якум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

11. Ҳангоми набудани директори Агентӣ уҳдадориҳои ӯро яке аз муовинони директор иҷро менамояд.

12. Директори Агентӣ:

- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд;

- байни муовинони худ уҳдадориҳоро тақсим мекунад;

- дар доираи ваколатҳои худ Агентиро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ муаррифӣ менамояд, гуфтушунид мегузаронад ва тибқи тартиби муқарраргардида шартномаҳоро дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколати Агентӣ ба имзо мерасонад;

- сохтор ва рӯйхати мансабҳои Агентй тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Агентиро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад;

- рӯйхати мансабҳо ва сохтори Агентиро дар доираи воҳидҳои кории муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- дар Агентӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими фаъолияти Агентӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Ба ҳайати мушовара директор (раиси мушовара), муовини якум, муовини директор ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои директор, муовини якум ва муовини директор, ки ба ҳайати он дохил шудаанд, бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷонибдории аксарияти овозҳои аъзои он қабул гардида, бо протоколҳо ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоиши директори Агентӣ тасдиқ мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.07.2019 № 344);

- дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои Агентӣ фармоиш мебарорад, супоришҳо медиҳад ва раванди иҷрои онҳоро назорат менамояд;

- кормандони Агентиро тибқи қонунгузорӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- низомномаи воҳидҳои сохторӣ, уҳдадориҳо ва дастурамалҳои вазифавии кормандони Агентиро тасдиқ менамояд;

- нақшаи кории солонаи Агентиро тасдиқ мекунад;

- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ вогузоршуда ҷавобгар аст  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590);

- вазифа ва ваколатҳои дигари вобаста ба роҳбарии Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590).

5. Фаъолияти молиявию хоҷагидории Агентӣ

13. Агентӣ бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти худ истифода мебарад:

- молу мулки дар моликияти давлатӣ қарордоштае, ки ба он бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст;

- воситаҳои молиявӣ, молу мулк ва дигар иншоотҳо, арзишҳои ғайримоддӣ дар намуди маҳсули фаъолияти зеҳнӣ ва эҷодӣ, ки натиҷаи фаъолияти он ба ҳисоб мераванд.

14. Маблағгузории фаъолияти Агентӣ, ҳавасмандгардонии моддӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ, нигаҳдорӣ ва рушди заминаи моддӣтехникии Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро манъ нанамудааст, амалӣ мешаванд.

6. Муқаррароти хотимавӣ

15. Суроғаи ҳуқуқии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

16. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 дар таҳрири нав тасдиқ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590)

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 августи 2018, № 396

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати таҳлил, ояндабинӣ ва технологияҳои рақамӣ

Раёсати рушди содирот

Раёсати пешбурди хизматрасониҳои содиротӣ

Раёсати робитаҳои хориҷӣ

Бахши ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши муҳосибот ва молия

Бахши коргузорӣ ва назорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590)

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "6" августи соли 2018, № 396

Нақшаи идоракунии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Намояндагиҳои Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 590)