Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2018 № 399 "Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 08.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 470 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2021 № 200, № 201, аз 02.09.2021 №368)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.05.2021 № 200, № 201, аз 02.09.2021 №368)

Мутобиқи моддаи 341 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқи замимаи 1 тасдиқ карда шаванд.

2. Ба молҳои воридотии дар давлатҳои аъзои Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 истеҳсолшуда низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи воридотии гумрукӣ татбиқ карда шавад.

3. Ҳангоми воридоти молҳои истеҳсоли кишварҳое, ки бо онҳо созишномаи дуҷонибаи савдои озод ба имзо расонида шудааст, ба истиснои молҳои аз низоми савдои озод боздоштшаванда, низоми савдои озод муқаррар ва меъёри сифрии боҷи гумрукӣ татбиқ карда шавад.

4. Ҳангоми ворид намудани молҳое, ки дар давлатҳои нисбатан кам тараққикарда истеҳсол шудаанд, сабукиҳо (имтиёзҳо) ҷорӣ ва боҷи воридотии гумрукӣ дар ҳаҷми панҷоҳ фоиз аз меъёри тасдиқшуда мутобиқи замимаи 2 муқаррар карда шавад.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, № 450 "Дар бораи тарифи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

7. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 28.08.2024 №470

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ставках ввозных таможенных пошлин Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.05.2021г.№200, от 27.05.2021г. №201, от 02.09.2021г.№368)

(в редакции постановления Правительства РТ от 27.05.2021г.№200, от 27.05.2021г. №201, от 02.09.2021г.№368)

В соответствии со статьей 341 Таможенного кодекса Республики Таджикистан, статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить ставки ввозных таможенных пошлин согласно приложению 1.

2. Установить режим свободной торговли и применять нулевую ставку ввозной таможенной пошлины при ввозе товаров, происходящих из государств-членов Договора о зоне свободной торговли от 18 октября 2011 года.

3. Установить режим свободной торговли и применять нулевую ставку таможенной пошлины при импорте товаров из стран, с которыми подписаны двусторонние соглашения о свободной торговле, за исключением товаров, изымаемых из режима свободной торговли.

4. Ввести преференции и установить ставку ввозной таможенной пошлины в размере пятидесяти процентов от утвержденных ставок при ввозе товаров, происходящих из наименее развитых стран согласно приложению 2.

5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке информировать Секретариат Всемирной Торговой Организации и Исполнительный Комитет Содружества Независимых Государств о принятии настоящего постановления.

6. Признать утратившими силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 25 октября 2003 года, №450 "О таможенном тарифе Республики Таджикистан".

...