ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 майи соли 2018, № 1095
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 569
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 3) қисми 1 моддаи 340 аломати нуқта ба аломати нуқта вергул ";" иваз карда, банди 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4) пардохти махсуси гумрукӣ.".
2. Моддаи 340(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 340(1). Пардохти махсуси гумрукӣ
1. Пардохти махсуси гумрукӣ намуди пардохти гумрукие мебошад, ки меъёри он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот ва/ё содироти моли муайян муқаррар карда мешавад.
2. Дар сурати муайян намудани пардохти махсуси гумрукӣ пардохтҳои гумрукии дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ситонида намешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1545