Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2018 № 1539 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 июни соли 2018, № 1138

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 августи соли 2018, № 563

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180; с. 2015, № 11, мод. 954; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, № 1, мод.7) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 13, матни моддаи 36, қисми 5 моддаи 48, қисми 2 моддаи 61, сархати сеюми қисми 1 моддаи 1261, сархати дуюми қисми 1 моддаи 134, номи боби 15, қисми 2 моддаи 137, ном ва матни моддаҳои 138, 139, 140 ва 141, қисми 2 моддаи 149, сархати нуҳуми қисми 2 моддаи 152, ном ва матни моддаи 205 калимаҳои "созишномаи", "Созишномаи" ва "созишнома" мувофиқан ба калимаҳои "созиши", "Созиши" ва "созиш" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 3 моддаи 26, қисми 1 моддаи 33 ва қисми 7 моддаи 98 калимаҳои "идории" ва "идорӣ" мувофиқан ба калимаҳои "идоравии" ва "идоравӣ" иваз карда шаванд.

3. Ба сархати якуми моддаи 28 пас аз калимаҳои "шахсони мансабдор," калимаҳои "инчунин иҷрочии суд," илова карда шаванд.

4. Ба моддаи 48 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Ҳангоми тағйирёбии асос ё предмети даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, гузаштани мӯҳлати баррасии парванда, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, аз рӯзи иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ оғоз мегардад.".

5. Дар моддаи 124:

- ба сархати нуҳуми қисми 2 пас аз калимаҳои "қабул намудааст" калимаҳои "ё дар мавриди зарурӣ дархост оид ба андешидани тадбирҳои таъминотӣ" илова карда шаванд;

- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "намояндаи ӯ," калимаи "ҷавобгар," илова карда шавад.

6. Қисми 4 моддаи 138 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад.".

7. Дар қисми 2 моддаи 139 калимаҳои "дарҷ гардад" ба калимаҳои "дарҷ гардида, инчунин оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиши оштӣ нишон дода шаванд" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 140:

- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Дар протоколи маҷлиси судӣ оид ба бастани созиши оштии тарафҳо қайд гузошта мешавад.";

- ба қисми 6 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиш;

- қатъ намудани истеҳсолоти парванда;";

- дар қисми 8 калимаи "се" ба калимаи "як" иваз карда шавад;

- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"11. Суд ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро фаҳмонда, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.".

9. Ба сархати чоруми моддаи 143 пас аз калимаҳои "қарор дорад" калимаҳои "ё гирифтори беморие мебошад, ки иштироки ӯро дар баррасии парванда имконнопазир мегардонад" илова карда шавад.

10. Ба моддаи 148 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати ҳаштуми моддаи 147 Кодекси мазкур таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намояд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1539