Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 № 356

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" июли соли 2018, № 356

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" июли соли 2018, № 356

тасдиқ шудааст

 

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби ба феҳрист ворид ва аз он хориҷ намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангиро муайян мекунад.

2. Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Феҳрист) ҳамчун манбаи асосии иттилоот оид ба номгӯи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

3. Феҳрист аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) пеш бурда мешавад.

4. Барои объектҳои манқул ва ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ Феҳристи давлатии объектҳои манқул ва ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ тартиб дода мешавад (замимаҳои 1 ва 2).

2. НАМУД ВА ДАРАҶАБАНДИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

5. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул ҷудо мешаванд. Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" амалӣ карда мешавад.

6. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба дараҷабандӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 июля 2018 года, №356

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 июля 2018 года, №356

ПОРЯДОК ВЕДЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕЕСТРА ОБЪЕКТОВ ИСТОРИКО-КУЛЬТУРНОГО НАСЛЕДИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок ведения Государственного реестра объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан (далее - Порядок) определяет порядок внесения в реестр и исключения из него объектов историко-культурного наследия.

2. Государственный реестр объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан (далее - Реестр) является основным источником информации о перечне объектов историко-культурного наследия.

3. Реестр ведется Министерством культуры Республики Таджикистан (далее - полномочный орган).

4. Для движимых и недвижимых объектов историко-культурного наследия создается Государственный реестр движимых и недвижимых объектов историко-культурного наследия (приложения 1 и 2).

2. ВИДЫ И КЛАССИФИКАЦИЯ ОБЪЕКТОВ ИСТОРИКО-КУЛЬТУРНОГО НАСЛЕДИЯ

5. Объекты историко-культурного наследия делятся на движимые и недвижимые памятники. Классификация объектов историко-культурного наследия на движимые и недвижимые памятники осуществляется выполняется на основе статьи 4 Закона Республики Таджикистан "Об охране и использовании объектов историко-культурного наследия Республики Таджикистан".

6. Объекты историко-культурного наследия делятся в зависимости от классификации на следующие типы:

- объекты историко-культурного наследия местного значения;

...