Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз банди 3 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар сархатҳои шонздаҳум, бисту ҳаштум ва ҳаштоду чорум калимаи "Қӯрғонтеппа" ба калимаи "Бохтар" иваз кард шавад;
- дар сархатҳои бисту нуҳум, панҷоҳу дуюм, панҷоҳу сеюм ва шасту сеюм калимаи "ноҳияи" ба калимаи "шаҳри" иваз карда шавад;
- дар сархати сию шашум калимаи "Ҷиргатол" ба калимаи "Лахш" иваз карда шавад;
- дар сархати чилу ҳафтум калимаи "Чкалов" ба калимаи "Бӯстон" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷоҳу ҳаштум калимаи "Тавилдара" ба калимаи "Сангвор" иваз карда шавад;
- дар сархати шастум калимаи "Шӯрообод" ба калимаи "Шамсиддин Шоҳин" иваз карда шавад;
- дар сархати шасту чорум калимаи "Бохтар" ба калимаи "Кӯшониён" иваз карда шавад.
3. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
...