Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2018,
№ 331НИЗОМНОМАИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.06.2025
№ 369)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шуро) мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратие мебошад, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо доир ба коҳиш додани онҳо, инчунин додани пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст (№ 369).
2. Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (№ 369).
3. Шуро дар фаъолияти худ принсипҳои зеринро дар амал татбиқ менамояд (№ 369):
- масъулиятнокӣ - иштирокчиёни Шуро барои амалҳои худ ҷавобгар буда, мутаносибан уҳдадориҳои дар Низомномаи мазкур муайяншударо иҷро менамоянд (№ 369);
- шаффофият - иштирокчиёни Шуро дар иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои муайяншудаи худ шаффофона фаъолият менамояд (№ 369);
- самаранокӣ - иштирокчиёни Шуро ба такроршавии вазифаҳо роҳ надода, бояд барои самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти Шуро кушиш ба харҷ диҳанд (№ 369);
- саривақти - иштирокчиёни Шуро мубодилаи саривақтии иттилооти расмӣ ва босифатро таъмин менамоянд (№ 369).
...