Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 508
Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2017, №944 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ" ва мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 508 "Дар бораи Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Низомномаи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (минбаъд - низомнома) бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагон ва донишҷӯёне, ки рафтори намунавӣ ва хониши аъло доранд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, таҳия гардида, талабот, тартиби сарфароз гардонидан ва маҳрум кардани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбиро аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-стипендияҳо) муқаррар менамояд.";
- дар сархати якуми банди 3 калимаҳои "ва ҳамкурсон" ба калимаи "(ҳамкурсон)" иваз карда шаванд;
- сархати дуюми банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- хониши аъло, ки бояд мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар ду соли охир аз ҷониби директори муассисаи таҳсилоти умумӣ ва як соли охир аз ҷониби директори муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шуда бошад;";
- банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 350 (сесаду панҷоҳ) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 25 (бисту панҷ) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 (бисту панҷ) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда мешаванд.";
- дар банди 8 пас аз калимаҳои "барои тасдиқ ба" калимаҳои "Комиссияи назди" илова карда шаванд;
- аз ҷумлаҳои якум ва дуюми банди 10 калимаҳои "ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми банди 10 пас аз калимаҳои "барои тасдиқ ба" калимаҳои "Комиссияи назди" илова карда шаванд;
- дар банди 10 зербандҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Бо мақсади таҳлилу омӯзиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва омода кардани онҳо барои тасдиқ дар назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Дар ҳолати риоя накардани талаботи низомномаи мазкур, дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои довталабон ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳо, мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ҳуқуқ дорад квотаҳои стипендияи ба ин шаҳру ноҳияҳо пешбинишударо ба довталабони шаҳру ноҳияҳои дигар дар асоси гузаронидани озмуни иловагӣ ва қарори комиссияи босалоҳият пешниҳод намояд.";
- дар банди 11 пас аз калимаи "мутобиқи" калимаҳои "протоколи Комиссияи назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва" илова карда шаванд;
- банди 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"15. Комиссияи назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон рӯйхати гирандагони стипендияҳои Президентиро барои маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамояд.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 майи соли 2018 № 252
ш.Душанбе