ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №23-24, моддаи 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ном ва дебочаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро танзим менамояд.".
2. Рақамгузории бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, калимаи "Боби" илова карда шавад.
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқан ҷамоати шаҳрак ва ҷамоати деҳот мебошанд. Ҷамоатҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ёрӣ мерасонанд, онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагӣ муттаҳид месозанд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Қонуни мазкур, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқ мусоидат менамоянд.".
4. Моддаи 1(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Дар моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "худидора" ва "худидораи" мутаносибан ба калимаҳои "худидоракунӣ" ва "худидоракунии" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Тартиби интихоб, ташкили фаъолият ва ҳадди ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.".
7. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...