ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 23-24, мод. 450) тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 15 хориҷ карда шавад.
2. Сархати сенздаҳуми моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба истифода ва ҳифзи замини қаламрави шаҳраку деҳа назорат мебарад;".
3. Моддаи 19(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 19(1). Баррасии эътирози прокурор
Қарорҳои Ҷамоат ва раиси Ҷамоат, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, мутаносибан аз тарафи Ҷамоат ва раиси Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз, прокурор ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ ё суд муроҷиат намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июни соли 2008 № 410
ш. Душанбе
...