ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, №7 мод. 499; соли 2003, №12, мод. 700; соли 2007, №5, мод.375) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар моддаи 1 баъд аз калимаҳои "муомилоти маводи доруворӣ" калимаҳои "молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" илова карда шаванд.
3. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.".
4. Дар моддаи 3:
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дорувории қалбакӣ - доруворие, ки аз рӯи таркиб, хусусият ва дигар тавсифҳо ба асл ё дорувории такроран истеҳсолшудаи истеҳсолкунанда (генерикӣ) мувофиқат намекунад, ғайриқонунӣ ва қасдан бо тамғақоғази қалбакӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ё дорои маълумоти нодуруст оид ба таркиб, таърихи истеҳсол, мӯҳлати истифодабарӣ ё истеҳсолкунандаи доруворӣ аст".
- дар сархати чордаҳум калимаи "арзёбии" ба калимаи "дараҷаи" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои "тарзи назорати" ба калимаҳои "усулҳои таҳлили" иваз карда шаванд;
- дар сархати бисту дуюм баъд аз калимаи "санҷида" калимаҳои "таъмин карда" илова карда шаванд;
- сархати бисту чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
...