ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, №13, моддаи 243.; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9, моддаи 117.; соли 2008, №1, қ.2, моддаи 17) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
Дар матни Кодекс калимаҳои "Мақомоти давлатии хоҷагии ҷангал", "мақомоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон", "мақомоти хоҷагии ҷангал", "Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИХҶ "Тоҷикҷангал"),,"Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист" ва дар қисми 3 моддаи 23 калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 406
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 406
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
...