Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1516 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 апрели соли 2018, № 1066

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 525

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7 - 8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, №5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1 - 2, мод. 4), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 116:

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "даъвои гражданӣ" ва "дархост" мувофиқан калимаҳои ", иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ва ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ" ва "пешниҳод" илова карда шаванд;

- қисми 3 хориҷ карда шавад;

- қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5, 6, 7 ва 8 ҳисобида шаванд.

2. Ба қисми 2 моддаи 245 ва сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 247 пас аз калимаҳои "таъмини даъвои гражданӣ" калимаҳои ", иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ" илова карда шаванд.

3. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 262 пас аз калимаҳои "ҷиноят расонида шудааст" калимаҳои ", иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ" илова карда шаванд.

4. Ба ном ва матни моддаи 267 пас аз калимаҳои "даъвои гражданӣ" ва "ҷиноят расонидашуда" калимаҳои ", иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима, ситонидани дигар пардохтҳои молумулкӣ" илова карда шаванд.

5. Аз сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 335 калимаҳои "барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодира" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1516