Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1515 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 2018, № 1015

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 524

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод.149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 - 2, мод. 2, мод. 3, № 7 - 9, мод. 586; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1472; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, № 1473), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 57:

- ба банди а) пас аз рақамҳои "130(1),", "194," ва "401" мувофиқан калимаҳо ва рақамҳои "моддаи 130(2),", "194(1), 194(2), 194(3), 194(4), 194(5)," ва ", моддаи 401(1)" илова карда шаванд;

- дар банди в) калимаҳои "маблағгузории терроризм" ба калимаҳои "маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом" иваз карда шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 179(2) пас аз рақами "310" рақами ", 401(1)" ва пас аз калимаҳои "алоқаманд набошад" калимаҳои "ё барои маблағгузории сафари шахсони воқеӣ ба давлате, ки дар он ҷо истиқомат намекунанд ва ё шаҳрванди он нестанд, бо мақсади содир кардан, банақшагирӣ, тайёр кардан ё иштирок дар содир намудани акти (актҳои) террористӣ ва ё барои тайёр намудани террористон ё гузаштан аз чунин тайёрӣ" илова карда шаванд.

3. Ба банди 9 эзоҳи моддаи 262 пас аз калимаҳои "ҷиноятҳои дар" калимаҳо ва рақамҳои "банди а) қисми 1) моддаи 57" илова карда шаванд.

4. Моддаи 278(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 278(1). Ифшо намудани иттилоот дар бораи чораҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешидашаванда

Аз ҷониби кормандони ташкилотҳое, ки бо маблағи пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, ифшо намудани иттилоот ба муштариёни худ ё дигар шахсон дар бораи ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом додани иттилоот оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад,

бо ҷарима ба маблағи аз чорсад то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.".

5. Моддаи 397 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 397. Муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

1) Ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан ё соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

2) Бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифодаи онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, химиявӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин, намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин, ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳое, ки дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;

в) аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ;

г) бо истифодаи қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешаванд.

4) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои дуюм ва сеюми ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол ҷазо дода мешаванд.

Эзоҳ: Зери мафҳуми "воситаҳо" дар моддаи мазкур ҳар навъ дороиҳои ламсшаванда ё ламснашаванда, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳо дар ҳар шакл, аз он ҷумла электронӣ ва рақамӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва ё иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, инчунин, кредитҳои бонкӣ, чекҳои сафарӣ ва бонкӣ, интиқолоти почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо фаҳмида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1515