ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 11, мод. 714; соли 2007, №7, мод.670) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни моддаи 1 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- дар сархати якум калимаҳои "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати сенздаҳум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум калимаҳои "мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ - барномаи сесолаи даромадҳо ва хароҷоти давлатӣ мебошад, ки бо он даромадҳои андозию ғайриандозӣ ва грантии буҷети давлатӣ, даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ бо хароҷоти муттаҳидшудаи буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ мутобиқи фаслу категорияҳои гурӯҳбандии иқтисодӣ, секторҳои гурӯҳбандии функсионалӣ ва ихтиёрдорӣ асосии маблағҳои буҷетии гурӯҳбандии идоравӣ якҷоя карда шудаанд;
аудити дохилӣ дар соҳаи молиёти давлатӣ - ин фаъолияти воҳидҳои аудити муассисаҳои буҷетӣ оид ба тадқиқи идоракунии сарфакорона ва самарабахши молиявӣ ва риояи қонунгузории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
ихтиёрдори асосӣ - мақомоти ҳокимият ва идораи давлатиест, ки маблағҳои буҷети давлатиро ихтиёрдорӣ карда, дар байни ташкилотҳои тобеъи худ тақсим мекунад. Ихтиёрдори асосӣ ҳамчунин ташкилоти муҳими буҷетии соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ шуда метавонад;
ихтиёрдор - мақомоти ҳокимият, идораи давлатӣ ва ё ташкилоти буҷетӣ, ки маблағҳои буҷетиро аз ихтиёрдори асосӣ мегирад ва ҳуқуқи тақсим ва назорати истифодаи маблағҳои буҷетиро ба ташкилотҳои тобеъи худ дорад.".
3. Дар моддаи 6:
...