Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 апрели соли 2018, № 196
тасдиқ шудааст
Тартиби ташкили донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулода-садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва ҳодисаҳои дигари дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуқӯъомада
1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 5 моддаи 133 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани тартиби ташкил намудани донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулода - садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва ҳодисаҳои дигари дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуқӯъомада таҳия гардидааст.
2. Бевосита амалӣ намудани фаъолияти корӣ вобаста ба муоинаи тиббии донорон, ҷамъоварӣ, хунгузаронӣ, коркарди хун ва ҷузъҳои он аз тарафи кормандони ташкилотҳои тандурустии махсусгардонидашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ, таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд ва дорои ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба сатҳи дахлдори таҳсилот ё тахассус буда, инчунин курсҳои бозомӯзии махсусро гузаштаанд, ба роҳ монда мешавад.
3. Дар маҳалли фалокат ва ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ (дар навбати аввал минтақаҳои гирду атроф) гурӯҳи донорӣ аз ҳисоби шахсони солими аз 18 то 65-сола, инчунин шахсоне, ки ҷароҳати сабуки бофтаи мулоим гирифтаанд ва маҳдудияти фаъолнокии узвҳои такяву ҳаракат надоранд, ташкил карда мешавад. Хунсупорӣ ба тариқи ройгон сурат мегирад. Ҳаҷми хунсупорӣ 450 мл-ро (воягузории физиологӣ) ташкил медиҳад.
4. Донорон ҳам бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳам бе чунин ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд. Барои ҳар як донор варақаи баҳисобгирии донорӣ пур карда шуда, аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд:
- баҳогузории назариявии саломатии умумии донор;
- маълумот дар бораи таърихи беморӣ;
- санҷиши фишори хун;
- таҳлили гемоглобин ва гурӯҳи хун.
5. Табиб дар асоси нишондодҳои муоинаи тиббӣ барои супоридани хун хулоса медиҳад.
6. Шахсоне, ки гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳои В, С, D, оташак, сил, брутселёз ва вараҷа мебошанд, барои супоридани хун иҷозат дода намешавад.
7. Хуни донорӣ дар халтаҳои махсус ё контейнерҳои шишагии коркардшуда гирифта мешавад. Дар ҳолати мавҷудияти датсгоҳҳои махсус, хун ба ҷузъҳо ҷудо карда мешавад.
8. Таҳлили хуни донорӣ ба андозаи ҳадди ақал расонида мешавад:
- муайян намудани гурӯҳи хуни донорӣ ва резуси мансубият;
- муайян намудани сироятҳои гемотрансмисивӣ (гепатитҳои В, С, вируси норасоии масунияти одам ва оташак) бо усули иммуноферментӣ.
9. Контейнерҳо бо хуни донорӣ бо усули оддӣ дар ҳарорати +4 - +8 °С нигоҳ дошта мешаванд. Контейнерҳо бо хуни донории махсус ба гурӯҳҳо ва резуси гуногун дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешаванд.
10. Ҷиҳати ҷамъоварӣ ва коркарди хуни донорӣ барои 200 ҷабрдида чунин контейнерҳои хунгирӣ зарур аст:
- контейнерҳои хунгирии яктабақаи "Гемакон" (500) -100 дона;
- контейнерҳои хунгирии дутабақаи "Гемакон" ва "Компопласт" (500/300)-100 дона;
- контейнерҳои хунгирии сетабақаи "Гемакон" (500/300/300) - 100 дона;
- контейнерҳои яктабақаи "Компопласт" (300) -100 дона.
11. Барои захира кардан, коркарди хуни донорӣ ва расонидани ёрии трансфузиони гурӯҳҳои трансфузионӣ (як гурӯҳ барои 200 ҷабрдида дар 1 рӯз) дар ҳайати зерин ташкил карда мешаванд:
- табиб-трансфузиолог (роҳбари гурӯҳ);
- табиби муолиҷавӣ;
- ҳамшираи калон;
- фелдшер-озмоишгар;
- ҳамшираи эҳёгар;
- техник-барқчӣ.
12. Таҳқиқи хуни донорӣ бояд ба андозаи ҳадди ақали кафолатдиҳандаи сифат ва бехатарии ҷузъҳои хуни донорӣ барои ҳаёти ҷабрдидагон расонида шавад.
13. Номгӯй ва меъёри хароҷоти ҷузъҳои хуни донорӣ, дору ва хунивазкунандаҳо барои кор ҳангоми ҳолатҳои фавқулода-садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва ҳодисаҳои дигари дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуқӯъомада аз рӯи то 200 ҷабрдида дар муддати 5 рӯз муайян шудааст (замима мегардад).
14. Захираи маводи сарфашаванда барои ташкил намудани донории хун ва ҷузъҳои он ҳангоми ҳолатҳои фавқулода - садамаҳо, офатҳои табиӣ, фалокатҳо, эпидемияҳо ва ҳодисаҳои дигари дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуқӯъомада аз ҷониби ташкилотҳои махсусгардонидашудаи низоми давлатии тандурустӣ амалӣ гардида, вобаста ба муҳлати эътибори он мунтазам иваз карда мешавад.
15. Амалиётҳои тиббии мазкур мувофиқи тартиби муқарраргардида тибқи стандартҳо ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.
Замима
Эзоҳ: ҳисобу китоби эҳтиёҷот вобаста ба шумораи ҷабрдидагон ва вазнинии вазъи саломатии онҳо метавонад тағйир ёбад.