Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022№ 187)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022№ 187)
Мутобиқи моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади муайян намудани иншооти сайёҳӣ ва татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда тибқи тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 апрели соли 2018 № 189
ш.Душанбе
...