Қонуни мазкур аз 1.01.2030 мавриди амал қарор мегирад
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №6, мод.466; с.2010, №12, қ.1, мод.836)
(Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 677, аз 14.03.2014 № 1080, аз 2.01.2018 № 1490, аз 15.03.2023 № 1953, аз 14.05.2025 № 2180)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва молиявии суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббии шаҳрвандонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
суғуртаи тиббӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба онҳо хизмати сифатноки тиббию санитарӣ ва дигар хел хизмат расонида, бо маводи доруворӣ таъмин менамояд;
суғуртаи ҳатмии тиббӣ - намуди суғуртаи иҷтимоие, ки имконият медиҳад шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба андоза ва шартҳои муқаррарнамудаи барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ ва доруворӣ таъмин гарданд;
суғуртаи ихтиёрии тиббӣ - намуди суғуртаи иҷтимоие, ки дар асоси барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ амалӣ гардида, шаҳрвандонро бо хизмати иловагии тиббию санитарӣ ва дигар хел хизматҳо берун аз барномаҳои муқаррарнамудаи суғуртаи ҳатмии тиббӣ таъмин менамояд;
объекти суғуртаи тиббӣ - таваккали суғуртавӣ (ҳодисаҳои пешбининамудаи шартҳои суғуртавӣ), ки бо хароҷоти хизматрасонии тиббию санитарӣ ва таъминот бо доруворӣ ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғуртавӣ вобаста мебошад;
субъектҳои суғуртаи тиббӣ - суғуртакунанда, мақомоти ваколатдор барои ҷамъ кардани ҳаққи суғуртаи ҳатмӣ ва ё ихтиёрии тиббӣ, ташкилоти суғуртаи тиббӣ, суғурташуда, ташкилоти тиббӣ;
...