Низомномаи Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2018 № 1047

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "16" аапрели соли 2018, № 1047

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "16" аапрели соли 2018, № 1047

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2014, № 116 "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шудааст.

2. Хадамот ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳоро вобаста ба татбиқи Муқаррароти умумии ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани қисмати тадорукотиву ташрифотии чорабиниҳо бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он ба амал мебарорад.

Муқаррароти Низомнома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат ва аъзои оилаи ӯ низ татбиқ мегарданд.

3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқаррароти умумии ташрифоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Низомнома, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба асос мегирад.

4. Хадамот воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдаҳанда мебошад.

5. Дахолати дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти Хадамот манъ аст.

6. Низомномаи Хадамот бо пешшҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

II. Вазифа ва уҳдадориҳои Хадамот

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 16 апреля 2018 года, №1047

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 16 апреля 2018 года, №1047

Положение о Службе протокола Президента Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Служба протокола Президента Республики Таджикистан (далее - Служба) учреждена в соответствии с указом Президента Республики Таджикистан от 17 января 2014 года, №116 "О реструктуризации Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".

2. Служба осуществляет координацию деятельности государственных органов, организаций и учреждений по реализации Общих положений государственного протокола Республики Таджикистан в части организационно-протокольной подготовки мероприятий с участием Президента Республики Таджикистан и членов его семьи, Основателя мира и национального единства - Лидера нации и членов его семьи внутри Республики Таджикистан и за её пределами.

Положения настоящего Положения также применяется к Основателю мира и национального единства - Лидеру нации и членам его семьи.

3. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, Общими положениями государственного протокола Республики Таджикистан, настоящим Положением, другими нормативными правовыми актами и международными договорами, признанными Республикой Таджикистан.

4. Служба, являясь структурным подразделением Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, подотчетна Президенту Республики Таджикистан и Руководителю Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

5. Вмешательство других органов государственной власти или должностных лиц в деятельность Службы запрещено.

6. Положение о Службе утверждается Президентом Республики Таджикистан по представлению Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан.

II. Задачи и функции Службы

...