ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 феврали соли 2018 № 998
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2018 № 510
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с.2006, №3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод.818; с. 2011, № 3, мод.160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, № 7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ.1, мод.1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 278, мод. 279), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- банди 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан, ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, боҷҳои гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудаанд, ба буҷет ситонида мешаванд, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);";
- дар банди 13) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, бандҳои 14), 15), 16), 17), 18) ва 19) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"14) воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
15) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
16) воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд;
17) воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат;
18) воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва (ё) ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
19) воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 - 50 фоиз.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 феврали соли 2018, № 1512