Низомномаи Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" аз 2 феврали соли 2018 № 1001

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба фармони Президнти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" феврали соли 2018, № 1001

НИЗОМНОМАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН"

1. Низомномаи Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" дар асоси моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" таҳия гардидааст.

2. Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" (минбаъд - Ҷоиза) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои хизматҳои зерин дода мешавад:

- ҳиссаи арзанда дар рушди демократия;

- таҳкими сулҳу суботи ҷомеа;

- таҳкими дӯстии байни халқҳо.

3. Ҷоиза дар се сол як маротиба ва ба на зиёда аз се нафар супорида мешавад.

4. Шахс бо Ҷоиза такроран сарфароз гардонида намешавад.

5. Ба шахсоне, ки сазовори Ҷоиза гардидаанд, унвони "Дорандаи Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон", диплом, нишони ифтихорӣ ва маблағи пулӣ дода мешавад.

6. Маблағи Ҷоиза ба ду ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар буда, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.

7. Диплом, нишони ифтихорӣ ва маблағи пулии шахси пас аз вафот бо Ҷоиза сарфарозшуда ба ворисони ӯ супорида мешавад.

8. Номзадҳоро барои сарфароз гардонидан бо Ҷоиза вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Замимаи 2

ба фармони Президнти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" феврали соли 2018, № 1001

ТАСВИРИ НИШОНИ ИФТИХОРИИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ "ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН"

1. Нишони ифтихории Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" дар шакли давра буда, дар дохил тасвири Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи релефӣ аз тилло иҷро карда мешавад. Атрофи тасвирро лавҳа аз тилло оро медиҳад.

2. Дар боло ва поёни тасвири Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон навиштаҷоти "Пешвои миллат" ва "Эмомалӣ Раҳмон" дар шуълаҳои офтоб дарҷ меёбанд.

3. Каме болотар аз қисмати болоии давра рамзи давлатдории халқи тоҷик "Тоҷ" ҷойгир карда мешавад.

4. Андозаи нишони ифтихории Ҷоизаи давлатии "Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон" 45,00 мм мебошад.