ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РӯЗҲОИ ИД"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 октябри соли 2017 № 927
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 461
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи рӯзҳои ид" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод.608; с. 2012, №7, мод.684, №12, қ.1, мод. 1011, мод.1012; с. 2014, №7, қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209, №7-9, мод.706; с. 2016, №5, мод.371, №7, мод.619, №11, мод.878; с. 2017, №1-2, мод.13, №5, қ.1, мод.294) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- Иди Сада - 30 январ;";
- сархати нуҳум хориҷ карда шавад;
- сархати бисту нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони соҳаи кимиё - якшанбеи охири моҳи май;";
- сархати сиву ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ - якшанбеи сеюми моҳи июл;";
- сархати чилум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ - 30 июл;";
- сархати чилу ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони соҳаи истихроҷи ангишт - якшанбеи охири моҳи август;";
- сархати шастум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони соҳаи мошинсозӣ - якшанбеи охири моҳи сентябр;";
- сархати шасту дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи пиронсолон - 1 октябр;";
- сархати шасту панҷум хориҷ карда шавад;
- аз сархати шасту ҳафтум калимаҳои "ва суд" хориҷ карда шаванд;
- сархати шасту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ - 15 октябр;";
- сархати ҳафтодум хориҷ карда шавад;
- сархати ҳафтоду якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ - 26 октябр;";
- сархати ҳафтоду сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони милитсия - 10 ноябр;";
- сархати ҳаштодум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- Рӯзи кормандони соҳаи энергетика - 22 декабр;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1480