Низомномаи Бозрасии нақлиёти назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 1998, № 245

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.06.2001с. № 252 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 июли соли 1998 № 245

 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 июли соли 1998 № 245

 тасдиқ шудааст

Низомномаи Бозрасии нақлиёти назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Бозрасии нақлиёт дар назди Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқи шахси юридикӣ таъсис дода шудааст (минбаъд - Бозрасии нақлиёт).

2. Вазифаҳои асосии Бозрасии нақлиёт иборатанд аз:

- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди салоҳияти худ амалӣ намудани назорат ба риояи асноди қонунгузорӣ ва меъёрии муайянкунандаи тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон (ба истиснои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ);

ба ашхоси ҳуқуқию воқеӣ додани лицензия барои татбиқи фаъолияти боркашонӣ, нақлиётию экспедиционӣ ва фаъолияти дигар ва зимнан таъмини шароит барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии марбут ба кори нақлиёти автомобилӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои истеъмолгарон.

3. Бозрасии нақлиёт дар фаъолияти худ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва асноди меъёриро дастури амал қарор медиҳад.

4. Бозрасии нақлиёт вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.

5. Бозрасии нақлиёт дар маркази вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе шӯъбаҳо ва филиалҳо дорад.

6. Бозрасии нақлиёт ҳуқуқ дорад, ки:

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 11.06.2001г.№252

УТВЕРЖДЕНО

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 июля 1998 года № 245

УТВЕРЖДЕНО

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 июля 1998 года № 245

ПОЛОЖЕНИЕ

Транспортной инспекции при Министерстве транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан

1. Транспортная инспекция образована при Министерстве транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан (далее Транспортная инспекция на правах юридического лица.

2. Главными задачами Транспортной инспекции являются:

осуществление на территории Республики Таджикистан в пределах своей компетенции контроля за соблюдением юридическими и физическими лицами независимо от форм собственности ( за исключением предприятий, учреждений и организаций других министерств и ведомств республики) законодательных и нормативных актов, определяющих порядок функционирования автомобильного транспорта;

выдача лицензий юридическим и физическим лицам на осуществление перевозочной, транспортно-экспедиционной и другой деятельности и обеспечение при этом условий для нормального функционирования рынка транспортных и других услуг, связанных с работой автомобильного транспорта, а также защиту интересов потребителей.

3. Транспортная инспекция в своей деятельности руководствуется законами Республики Таджикистан, решениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, настоящим Положением и другими нормативными актами.

4. Транспортная инспекция решает возложенные на нее задачи во взаимодействии с органами исполнительной власти на местах, Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, а также Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Транспортная инспекция имеет населения и филиалы в областных центрах Республики Таджикистан и в городе Душанбе.

...