ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 902
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 456
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с.2013, №3, мод.180; с. 2015, №11, мод.954; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 277), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаҳои "марзию маъмурии" ба калимаҳои "маъмурию ҳудудии" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 5 моддаи 54 ва қисми 4 моддаи 68 калимаи "ҷиноӣ" ба калимаи "ҷиноятӣ" иваз карда шавад.
3. Дар қисми 4 моддаи 162 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
4. Аз қисми 1 моддаи 187 калимаҳои "аз ҷумла иҷрочии суд," хориҷ карда шуда, пас аз калимаҳои "боби мазкур" калимаҳои "ва нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии суд бо талаботи пешбининамудаи моддаҳои 303 ва 304 ҳамин Кодекс" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1475
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЭКОНОМИЧЕСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 18 октября 2017 года, №902
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21 декабря 2017 года, №455
Статья 1. Внести в Экономический процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 1, ст. 4, ст. 5; 2011 г., №12, ст. 840; 2012 г., №7, ст. 719; 2013 г., №3, ст. 180; 2015 г., №11, ст.954; 2017 г., №5, ч. 1, ст.211), следующие изменения и дополнение:
1. В части 4 статьи 162 слова "местного самоуправления" заменить словами "местного самоуправления посёлков и сёл".
2. Из части 1 статьи 187 слова ", включая судебного исполнителя" исключить и после слов "настоящей главе" дополнить словами ", а решение и действия (бездействие) судебного исполнителя требованиями, предусмотренными статьями 303 и 304 настоящего Кодекса".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2018 года, №1475