Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 № 596 "Дар бораи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.11.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536, аз 01.11.2024 № 589, аз 22.01.2026 № 16)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536, аз 01.11.2024 № 589, аз 22.01.2026 № 16)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 7 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили системаи идораи давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 589):

1. Аз ҳисоби ихтисори 13 воҳиди кории раёсати авиатсияи граждании дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 воҳиди кории раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва 8 воҳиди кории шуъбаи сертификатсиякунонӣ дар нақлиёти ҳавоии корхоиаи воҳиди давлатии "Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт" Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтор ва номгӯи корхона на дигар ташкилотҳои системаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2 ва 3)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536).

21. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба миқдори 66 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 589, аз 22.01.2026 № 16).

22. Ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовин, аз ҷумла муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 589).

23. Барои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад)(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 589).

3. Маблағгузории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

31. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳар семоҳа 0,3 дарсад аз ҳаҷми умумии маблағҳои воридгардидаро бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Агентӣ дар суратҳисоби Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

32. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» аз ҳисоби хизматрасониҳои фурудгоҳиву рӯйизаминӣ ба андозаи 0,1 доллари ИМА барои ҳар як мусофири хизматрасонидашуда бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби махсуси Агентӣ дар суратҳисоби Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2024 № 589).

33. Ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки бо мақсади вусъат додани фаъолияти худ тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандон иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 90 дарсади музди меҳнати муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пардохт намояд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 22.01.2026 № 16).

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Агентстве гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2018Г.№536, от 1.11.2024 №589, от 22.01.2026 №16)

(в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2018Г.№536, от 1.11.2024 №589, от 22.01.2026 №16)

В соответствии со статьей 12 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 7 Воздушного кодекса Республики Таджикистан и в целях упорядочивания системы управления в области гражданской авиации Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции пост. Правительства РТ от 1.11.2024 №589):

1. За счет сокращения 13 рабочих единиц управления гражданской авиации центрального аппарата Министерства транспорта Республики Таджикистан, 14 рабочих единиц управления надзора и регулирования воздушного транспорта Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта и 8 рабочих единиц отдела сертификации на воздушном транспорте государственного унитарного предприятия "Центр сертификации работ и услуг в сфере транспорта" создать Агентство гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан.

2. Утвердить положение, структуру и перечень предприятия и других организаций системы Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан (приложения 1, 2 и 3) (приложение 3 прилагается);

2(1). Установить предельную численность работников Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан, финансируемых за счет республиканского бюджета в количестве 66 единиц (без обслуживающего персонала) (в редакции пост. Правительства РТ от 1.11.2024 №589,от 22.01.2026 №16).

2(2). Разрешить Агентству гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан иметь двух заместителей, в том числе первого заместителя и коллегию в количестве 5 человек (в редакции пост. Правительства РТ от 1.11.2024 №589).

2(3). Установить лимит служебных автомашин для Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан в количестве 3 единиц (в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2018Г.№536от 1.11.2024 №589)

3. Финансирование Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан осуществить в рамках предусмотренных средств республиканского бюджета и других источников в соответствии законодательством Республики Таджикистан.

31. Государственному унитарному предприятию «Таджикаэронавигация» из общего объема поступивших денежных средств ежеквартально в установленном порядке перечислять 0,3 процента на специальный счет Агентства в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 1.11.2024 №589).

32. Открытому акционерному обществу «Международный аэропорт Душанбе», Открытому акционерному обществу «Международный аэропорт Худжанд», Открытому акционерному обществу «Международный аэропорт Куляб» и Открытому акционерному обществу «Международный аэропорт Бохтар» за счет аэропортных и наземных услуг в размере 0,1 доллара США за каждого обслуживаемого пассажира в установленном порядке перечислять на специальный счет Агентства в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан(в редакции пост. Правительства РТ от 1.11.2024 №589).

33. Разрешить Агентству гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан, в целях расширения своей деятельности в установленном порядке ежемесячно выплачивать сотрудникам надбавку в размере 90 процентов от установленной заработной платы за счет средств специального счета Агентства, а также других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 22.01.2026 №16).

...