Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 № 579 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 2 боби 19:

- аз сархати якум аломат ва калимаҳои ", ташкилотҳои суғуртавӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бонки миллии Тоҷикистон - барои аудити ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ.";

- дар банди 5 калимаҳои "бонкӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд" ба калимаҳои "қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 3 боби 54 калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Боби 56 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, № 172

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности (в новой редакции), утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172 "Об утверждении Положения об особенностях лицензирования отдельных видов деятельности (в новой редакции)", следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 2 главы 19:

- из абзаца первого знак и слова ", аудит страховых организаций" исключить;

- второй абзац изложить в следующей редакции:

"Национальный банк Таджикистана - на аудит кредитных организаций, исламских кредитных организаций и страховых организаций.";

- в пункте 5 слова "банковских организаций" заменить словами "кредитных организаций и исламских кредитных организаций".

2. В пункте 3 главы 54 слова "Министерство финансов Республики Таджикистан" заменить словами "Национальный банк Таджикистана".

3. Главу 56 изложить в следующей редакции:

"Глава 56. Особенности лицензирования деятельности кредитных организаций и исламских кредитных организаций

1. Лицензируемая деятельность:

- деятельность по осуществлению банковских операций;

...