бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 172 аз эътибор соқит дониста шуд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2017, 568
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 декабри соли 2017, 568
тасдиқ шудааст
Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти калонсолон" таҳия шуда, тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия дар соҳаи таҳсилоти калонсолонро муайян менамояд.
2. Таҳсилоти калонсолон бо назардошти таҳсилоти касбӣ ва худомӯзӣ дар раванди таҳсилот барои гирифтани салоҳияти касбӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи калонсолон аз ҷониби муассисаи таҳсилоти калонсолон (минбаъд - муассисаи таълимӣ) муайян ва муқаррар карда мешавад.
3. Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими нерӯи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба талаботи бозори меҳнат, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.
4. Эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти расмӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома) ва сертификат (барои курсҳои кӯтоҳмуддат) амалӣ карда мешавад.
5. Раванди таълими калонсолон дар асоси таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
6. Муассисаи таълимӣ танҳо баъд аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба фаъолияти таълимӣ машғул мешавад.
2. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪ ЛИМ ВА ШАКЛҲОИ ОН ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
...