Низомномаи намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз 1 ноябри соли 2017 № 518

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" ноябри соли 2017, № 518

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" ноябри соли 2017, № 518

Низомномаи намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Муқаррароти умумӣ

1. Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия (минбаъд - Намояндагӣ) бо мақсади иҷрои вазифаҳои дар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи кушодани намояндагиҳои хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия муайяншуда таъсис дода шудааст:

2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Намояндагиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.

3. Намояндагӣ чораҳоро оид ба масъалаҳои танзими гумрукӣ, мусоидат ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гумрукӣ ва мубодилаи иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ месозад.

4. Намояндагӣ дар доираи ваколатҳои худ ба субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия амалиёти савдои беруна анҷом медиҳанд, ёрии маслиҳатдиҳӣ ва ҳуқуқӣ мерасонад.

5. Намояндагӣ бо воҳидҳои сохтории Хадамоги гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва дигар муассисаю идораҳо ҳамкорӣ менамояд.

6. Намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб, бланк ва муҳри худ мебошад.

7. Намояндагӣ метавонад парчам ва аломати Хадамоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бинои ишғолнамуда истифода барад.

8. Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қонунгузории Федератсияи Россияро риоя менамояд.

...

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 ноября 2017 года, №518

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 1 ноября 2017 года, №518

Положение о представительстве Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в Российской Федерации

1. Общие положения

1. Представительство Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в Российской Федерации (далее Представительство) создано в целях реализации задач определенных Соглашением между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об открытии представительств таможенных служб Республики Таджикистан и Российской Федерации.

2. Правовую основу деятельности Представительства составляют Конституция Республики Таджикистан, конституционные законы Республики Таджикистан, законы Республики Таджикистан, указы и распоряжения Президента Республики Таджикистан, постановления и распоряжения Правительства Республики Таджикистан, распоряжения начальника Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан, другие нормативные правовые акты Республики Таджикистан, а также международные нормативные правовые акты, признанные Республикой Таджикистан и настоящее Положение.

3. Представительство реализует меры по вопросам таможенного регулирования, содействия развитию таможенного сотрудничества и обмена информацией по вопросам таможенного дела.

4. Представительство в пределах своих полномочий оказывает консультативную и правовую помощь, субъектам внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан, осуществляющим внешнеторговые операции в Российской Федерации.

5. Представительство сотрудничает со структурными подразделениями Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан, общественными, международными организациями и другими учреждениями и ведомствами.

6. Представительство является юридическим лицом, имеет самостоятельный баланс, расчетный счет, бланк и печать.

 7. Представительство может использовать флаг и эмблему Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан на занимаемых им зданиях.

8. Представительство Таможенной службы при Правительстве  Республики Таджикистан соблюдает законодательство Российской Федерации.

...