Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, № 1688 "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар боран фаъолияти китобдорӣ" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2018 № 370
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2018, № 370
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ"-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2018, №1688 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, баррасӣ карда, чунин пешниҳод менамояд:
1. Дар қисми 1 калимаҳои "илмӣ ва" ба калимаҳои "илмӣ - техникӣ ва" иваз карда шаванд.
2. Сархати чоруми қисми 7 хориҷ карда шавад, зеро меъёри амалкунанда мушаххас буда, зарурати тағйир додани он дида намешавад.
3. Қисми 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9. Дар сархати панҷуми қисми якуми моддаи 11 калимаҳои "ҳуқуқӣ ва воқеӣ" ба калимаҳои "воқеӣ ва ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.".
4. Қисми 12 таҷдиди назар карда шавад, зеро калимаҳои "соҳаи китобдорӣ" дар моддаҳои 6, 16 ва 18 Қонунн мазкур низ истифода гардидаанд.
5. Қисми 13 ба талаботи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" мутобиқ карда шавад.
Дар матни лоиҳа хатоиҳои имлоӣ ислоҳ карда шуда, матни русии он ба матни забони давлатӣ мутобиқ карда шавад.