ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 майи соли 2017 № 794
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 2017 № 423
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.11.08; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1418), моддаи 551(3) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 551(3). Риоя накардани маҳдудиятҳо дар фаъолияти сарпарастӣ
Барои дахолат кардани сарпараст ба фаъолияти кӯмакгиранда, сарпарастии реклама аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, инчунин сарпарастӣ ба барномаҳои ахбор оид ба воқеаҳои ҷорӣ,
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст, ба шахсони мансабдор аз шаст то ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июли соли 2017 № 1445
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Принят Постановлением МН МОРТ
от 31 мая 2017 года, №794
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 июля 2017 года, №423
Статья 1. Дополнить Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г. №12, чЛ, ст.989, ст.990; 2009 г. №5, ст.321, №9-10, ст.543; 2010 г. №1, ст.2, ст.5, №3, ст. 153, №7, ст.547, №12, ч.1, ст.812; 2011 г., №6, ст.430, ст.431, №7-8, ст.610, №12, ст.838; 2012 г., №4, ст.25б, №7, ст.685, ст.693, №8, ст.814, №12, ч.1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст.181, №7, ст.508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, №7, ч.1, ст.389, ст.390; 2015 г., №3, ст.201, №7-9, ст.707, ст.708, №11, ст.955, №12, ч.1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст.130, ст.131, ст. 132, №5, ст.359, ст.361, №7, ст.613, ст.614, №11, ст.877; 2017г., №1-2, ст.5, ст.6; Закон Республики Таджикистан от 30 мая 2017 года, №1418), статьей 551(3) следующего содержания:
"Статья 551(3). Несоблюдение ограничений в спонсорской деятельности
Вмешательство спонсора в деятельность спонсируемого, спонсирование рекламы со стороны физических и юридических лиц, производящих алкоголь, табак и табачные изделия, а также спонсорство информационных программ о текущих событиях,
влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от пяти до десяти, на индивидуальных предпринимателей, действующих на основе патента, в размере от сорока до пятидесяти, на индивидуальных предпринимателей, действующих на основе свидетельства - от пятидесяти до шестидесяти, на должностных лиц - от шестидесяти до семидесяти и на юридические лица от двухсот пятидесяти до трёхсот показателей для расчетов.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 18 июля 2017 года, № 1445