Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 июни соли 2017 № 324
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ НАРХГУЗОРИИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ (минбаъдҚоидаҳо) бо мақсади амалисозии моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
2. Қоидаҳои мазкур тартиби муайян намудани арзиши харҷномавии сохтмонҳои нав, азнавсозии биноҳо ва иншоот, таъмири асосӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои техникии амалкунанда, биноҳо ва иншоотеро (минбаъд - маҳсулоти сохтмонӣ) муқаррар менамояд, ки сохтмони онҳо бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.
3. Асосҳои мёъёрӣ ва ҳуқуқии муайянсозии арзиши сохтмони иншоотро Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкил медиҳанд.
2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ
4. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- арзиши пас аз ташхисии харҷномавии сохтмон - арзиши харҷномавии сохтмон, ки бо хулосаи мусбати ташхиси давлатии лоиҳаи сохтмон барои тасдиқ тавсия шудааст;
- захираҳои моддӣ - маҷмӯи масолеҳ, маснуот, таркибот ва таҳизоте, ки дар сохтмон истифода мешаванд;
- индекси нарх - нишондиҳандаи нисбие, ки тағйирёбии нархи захираи мушаххаси моддиро бо мурури вақт муайян месозад;
- корхонаи асосӣ - корхонаи истеҳсолкунанда ё таҳвилкунандаи захираҳои моддӣ, ки бо мақсади гузаронидани мониторинги нархҳои ҷорӣ интихоб шудааст;
- кор ҳама гуна фаъолияти вобаста ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, вайронкунӣ, таъмир ё тармими биноҳо, иморатҳо ва иншоот, аз ҷумла омода намудани майдончаи сохтмон, кофта баровардани хок, бардоштани иншоот, насбкунӣ ва бакорандозии таҷҳизот, корҳои пардоздиҳӣ, инчунин корҳои иловагии вобаста ба сохтмон, монанди пармакунӣ, корҳои геодезӣ, аксбардории кайҳонӣ, тадқиқоти сейсмологӣ ва хизматрасониҳои дигаре, ки тибқи шартнома пешниҳод мешаванд;
- хизматрасонӣ - натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва корҳое, ки бо дигаргуншавии хусусияти иншооти моддӣ вобаста нестанд;
- заминаи харҷномавию меъёрӣ - маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие, ки тартиби муайянсозии арзиши харҷномавии сохтмонро муқаррар мекунад;
- меъёрҳои харҷномавӣ - маҷмӯи захираҳое (сарфи меҳнати коргарони сохтмон, вақти кори мошин ва механизмҳои сохтмон, талабот ба масолеҳ, маснуот ва таркибот), ки барои ченаки қабулгаштаи корҳои сохтмон, васлкунӣ ва корҳои дигар муқаррар гардидаанд;
- мониторинги нархҳои ҷорӣ - бақайдгирии мунтазами нархҳои ҷории захираҳои моддии дар сохтмон истифодашаванда, ки бо мақсади хулосабарорӣ, миёнагардонӣ, таҳлил, ташаккулдиҳии нишондаҳандаҳои ҳисобӣ ва истифодабарӣ дар ҳисоби арзиши харҷ номавии сохтмон амалӣ гардонида мешавад;
- нархгузории корҳои сохтмонӣ - механизми ташкил ва муайян намудани арзиши корҳои сохтмонӣ;
- номгӯии (рамзикунонии) захираҳои моддӣ - номгӯе, ки дар меъёри харҷномавии давлатӣ "Маҷмӯаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмонӣ" ҷой дода мешавад;
- нархи захираи моддӣ - ифодаи пулии арзиши он барои воҳиди физикии ченкунӣ бо асъори миллӣ;
- нархи бозорӣ - нархи аз ҳама эҳтимолӣ (бо дарназардошти нархҳои муқаррарӣ ҳангоми баимзорасонии аҳдҳо ё тахфиф), ки аз рӯйи он захираи моддиро дар бозор дар шароити рақобатнок фурӯхтан мумкин буда, ба андозаи нарх ягон ҳолати фавқуллода таъсир намерасонад;
- нархи миёнаи ҷорӣ - нархи миёнаи захираи мушаххаси моддӣ аст, ки дорои рамзи воҳидигардонидашуда буда, он аз рӯи маълумоти пешниҳодгардидаи якчанд корхонаи истеҳсолкунанда ва таҳвилгарон муайян гардидааст;
- нархи озоди (шартномавии) маҳсулоти сохтмон (иҷрои корҳои пудратӣ ё хизматрасонӣ) - нархе, ки онро сармоягузор (фармоишгар) ва пудратчии генералӣ (ё зерпудратчӣ) дар асоси баробарҳуқуқӣ ҳангоми баимзорасонии шартномаи пудратӣ (қарордод) барои сохтмони асосӣ ва ё таъмири асосии биною иншоот (шартномаҳои фаръӣ), аз он ҷумла аз рӯи натиҷаҳои расмиёти гузарондашудаи хариди давлатӣ муқаррар менамоянд;
- нархи ҳисобӣ - нархе, ки бо усули дараҷаҳои гуногуни наздиксозӣ муайян карда шудааст.
3. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ, ВАЗИФАҲОИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ВА СУБЪЕКТОНИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар самти нархгузории корҳои сохтмонӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи нархгузории корҳои сохтмонӣ пеш мебарад;
- низоми нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавии сохтмонро мукаммал мегардонад, меъёрҳо ва нархҳои воҳидиро барои намудҳои нави корҳои сохтмон, азнавсозӣ, васеъкунӣ, таъмир, тармим, васлкунӣ ва бакорандозии ба муносибатҳои бозорӣ ҷавобгӯ таҳия месозад;
- низоми меъёрҳои харҷномавиро барои муайян намудани арзиши сохтмон ва таъмири асосӣ ташаккул медиҳад;
- мониторинг ва таҳлили нархҳои масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмонро мегузаронад;
- бақайдгирии даврии сатҳи воқеии нархҳои ҷории захираҳои сохтмонро аз ҷониби истеҳсолкунандагони масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмониро ба роҳ мемонад;
- таҷрибаи пешқадам ва иттилоот дар бораи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва методиро дар соҳаи нархгузорӣ паҳн менамояд;
- махзани маълумотро дар бораи нархи маҳсулоти сохтмон ба таври даврӣ таъсис медиҳад.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар самти нархгузории корҳои сохтмонӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, маводи методӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрӣ дар низоми нархгузории корҳои сохтмониро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- меъёрҳои харҷномавии давлатиро таҳия менамояд;
- назорати давлатии фаъолияти нархгузориро амалӣ менамояд;
- бо мақсади танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон аз вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иттилооти заруриро дастрас менамояд;
- тартиби муайянсозии ҷадвалҳои тарофавӣ ва андозаи музди меҳнати коргарони соҳаи сохтмонро муқаррар менамояд;
- стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо оид ба мукаммалгардонии низоми нархгузории корҳои сохтмонро таҳия менамояд;
- низоми нархгузорӣ дар соҳаи шаҳрсозиро ба танзим медарорад;
- тартиби амалигардонии мониторинги нархҳои маҳсулоти сохтмонро муқаррар менамояд;
- махзани иттилоотию таҳлилии маълумот дар бораи арзиши маҳсулоти сохтмонро ташкил менамояд;
- шакли пешниҳодсозии ҳисоботҳои омориро якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- мониторинги сатҳи нархҳои маҳсулот ва захираҳои сохтмон, арзиши масолеҳ, арзиши истифодабарии асбобҳо ва мошину механизмҳои сохтмон, арзиши иншооти баистифодадодашуда ва банақшагирифташуда, музди меҳнат дар сохтмонро мегузаронад;
- махзани ягонаи иттилоотии маълумот дар бораи арзиши захираҳои моддию техникӣ дар сохтмон ва маълумот оид ба масъалаҳои нархгузории харҷномавӣ дар сохтмонро пеш мебарад;
- аз махзани ягонаи иттилоотӣ маълумотро мувофиқи дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд;
- ташаккул ва пешбурди Феҳристи ягонаи ҷумҳуриявиро бо мақсади мукаммалгардонии низоми нархгузорӣ, баҳисобгирии мунтазами нархҳои масолеҳ, маснуот ва конструксияҳо, бақайдгирии давлатии истеҳсолкунандагони масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмон амалӣ менамояд;
- таҳлили динамикаи тағйирёбии нархҳои маҳсулот, масолеҳ, маснуот, таркиботи, таҷҳизот, мошинҳо ва механизмҳои сохтмон, намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмону васлгарӣ ва хароҷоти нақлиётро мегузаронад;
- таҳияи индексҳои тағйирёбии арзиши корҳои сохтмон, сохтмону васлгарӣ, махсусгардондашуда, таъмир, бакорандозӣ ва дигар намуди корҳо барои ҳисобҳоро ташкил менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар санҷиши муайянсозии саҳеҳияти ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ, ҳисобҳои харҷномавӣ ва ҳисобҳои дигари иқтисодӣ дар соҳаи сохтмон барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо додани хулосаи натиҷаҳои санҷиш, инчунин иҷрои дигар корҳои санҷишӣ иштирок мекунад;
- дар таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои автоматикунонидашуда барои ташаккулдиҳии ҳисобҳои харҷномавӣ, гузаронидани санҷиши эътимоднокии арзиши харҷномавии иншооти сохтмон ва баҳодиҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок менамояд;
- ҳисоби арзиши истифодабарии мошину механизмҳои сохтмонӣ, нишондиҳандаҳои арзиши миёнаи боркашонӣ, инчунин нишондиҳандаҳои бузургкардашудаи арзиши сохтмонро мегузаронад;
- дар омодасозии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ дар сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ иштирок менамояд;
- оид ба масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон конфронсҳо, намоишҳо ва семинарҳо ташкил ва баргузор менамояд;
- хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар самти нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ дар сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонро ба роҳ мемонад;
- оид ба масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин оид ба ҷанбаҳои иқтисодии фаъолияти шаҳрсозӣ маводи иттилоотӣ ва меъёрию методӣ (маҳсулоти чопӣ ва ҳомилҳои электронӣ) интишор ва паҳн менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи нархгузориро баррасӣ ва чораандешӣ менамояд;
- комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар сохтмонро таъсис ва барҳам медиҳад;
- мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
7. Вазифаҳои вазорату идораҳо, инчунин субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ:
- риояи ҳатмии тартиб ва қоидаҳои нархгузорӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои мазкур муқаррар намудааст;
- мусоидат намудан барои пешниҳоди иттилооти зарурӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тибқи дархости он ва талаботи Қоидаҳои мазкур;
- мусоидат намудан барои ҳар семоҳа (ҳармоҳа) гузаронидани мониторинги нархҳои захираҳои моддии (масолеҳи сохтмон, маснуот ва таркиботи) дар соҳаи сохтмон истифодашаванда;
- мутобиқи шакли тасдиқгаштаи оморӣ шшниҳод намудани иттилооти зарурӣ дар бораи маҳсулоти истеҳсолшаванда ё воридшавандаи сохтмон.
4. КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА НАРХГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН
8. Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон (минбаъд - Комиссияи байниидоравӣ) мақоми доимоамалкунанда буда, баррасии пешакии масъалаҳо ва таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба муайянсозии самтҳои афзалиятнок дар соҳаи нархгузорӣ, саноати масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмон, мукаммалгардонии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, батанзимдарории масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон, мувофиқасозии индексҳои тағйирёбии арзиши корҳои сохтмону васлкунӣ ва ғайраро амалӣ мегардонад.
9. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Комиссияи байниидоравиро Низомнома дар бораи Комиссияи байниидоравӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ мекунад, муайян менамояд.
10. Комиссияи байниидоравӣ фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомнома дар бораи Комиссияи байниидоравӣ ба роҳ мемонад.
11. Комиссияи байниидоравӣ дар асоси принсипҳои худидоракунӣ, ошкорбаёнӣ ва мустақилӣ дар қабули қарорҳо, амал менамояд.
12. Ҳайати комиссия аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян карда мешавад, ки ба он намояндагони мақомоти зерин шомил мегарданд:
- Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон;
- Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва дар ҳолати зарурӣ намояндагони дигар вазорату идораҳо, пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва илмию тадқиқотӣ низ даъват карда мешаванд.
13. Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои зерин дорад:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо оид ба масъалаҳои мукаммалгардонии нархгузорӣ дар сохтмон;
- банизомдарории заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон;
- расонидани ёрии методӣ ба вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмон;
- баррасии лоиҳаҳо ва тасдиқ намудани (мувофиқагардонии) ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки масъалаҳои нархгузорӣ дар сохтмонро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд;
- қабули қарорҳо оид ба бартарафсозии ихтилофҳо дар заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба нархгузорӣ дар сохтмон;
- таъмини назорат оид ба риояи тартиби муқарраргардидаи нархгузорӣ дар сохтмон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули қарорҳо дар бораи таҳия, нашр ва паҳнкунии маводи иттилоотие, ки таҷрибаи нархгузорӣ дар сохтмонро инъикос менамоянд;
- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
5. ҚОИДАҲО БА НИЗОМИ НАРХГУЗОРӢ, МЕЪЁРГУЗОРИИ ХАРҶНОМАВӢ, ФЕҲРИСТИ МЕЪЁРҲОИ ХАРҶНОМАВӢ, ТАРТИБИ ТАҲИЯИ ИНДЕКСҲОИ ҶОРӢ ВА СИСТЕМАИ РАМЗИКУНОНИИ ЗАХИРАҲОИ МОДДӢ ДАР СОХТМОН
14. Батанзимдарории низоми нархгузориро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ менамояд.
15. Хуҷҷатҳои меъёрӣ ва санадҳои соҳаи нархгузорӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ шудаанд, мавриди тасҳеҳ қарор дода намешаванд.
16. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷоя бо мақоми давлатии омор бо мақсади батанзимдарории низоми нархгузорӣ дар сохтмон шакли ягонаи ҳисоботро барои субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмонӣ таҳия ва тасдиқ менамояд.
17. Истеҳсолкунандагон ва таҳвилгарони масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмон бо мақсади танзими низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон уҳдадоранд, ки на дертар аз санаи 20-уми ҳар моҳи ҳисоботӣ ба воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ мутобиқи шакли тасдиқшудаи ҳисоботи оморӣ маълумоти саҳеҳ пешниҳод намоянд.
18. Ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи муносибатҳои мутақобилаи субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ шартномаи пудратӣ ба ҳисоб рафта, дар он арзиши кори иҷрошаванда ё усули муайян кардани он зикр мешавад.
19. Нархи корҳо (харҷнома) метавонад тахминӣ ё усгувор бошад. Ҳангоми дар шартнома набудани шартҳои дигар, нархи корҳо (харҷнома) устувор ҳисобида мешавад.
20. Пудратчӣ ҳуқуқ надорад зиёд кардани нархи устувор ва фармоишгар кам кардани онро талаб намояд, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома имконияти пешбинӣ намудани ҳаҷми пурраи корҳои иҷрошаванда ё хароҷоти барои ин зарурӣ истисно шудааст.
21. Дар ҳолатҳое, ки агар хароҷоти воқеии пудратчӣ нисбат ба оне, ки ҳангоми муайян кардани нарх (таҳияи харҷнома) ба ҳисоб гирифта шудааст, камтар бошад ва агар фармоишгар исбот карда натавонад, ки сарфаи пудратчӣ ба сифати иҷрои кор таъсир расонидааст, пудратчӣ ҳуқуқи худро барои пардохти кор табқи нархе (харҷномае), ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, нигоҳ медорад ва ин ҳамчун изофанависӣ ҳисоб намеёбад.
22. Барои муайян намудани арзиши харҷномавии сохтмони иншоот ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ тартиб дода мешаванд, ки шаклҳои намунавии онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ ва мавриди амал қарор дода мешаванд.
23. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ бо усули захиравӣ арзиши захираҳои сохтмонӣ (арзиши музди меҳнати коргарон, масолеҳ, маснуот ва конструксияҳо, истифодабарии мошину механизмҳои сохтмон) дар асоси маълумоти "Маҷмӯаи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои сохтмонӣ" муайян карда мешавад.
24. Дар сурати дар "Маҷмӯаи ҳарсемоҳаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои сохтмонӣ" мавҷуд набудани ягон номгӯйи масолеҳ, маснуот ва таркиботе, ки ташкилотхои сохтмонӣ барои лоиҳаи мушаххас истифода мебаранд, арзиши чунин захираҳои сохтмон аз рӯи маълумоти асосноки истеҳсолкунандагон (таҳвилгарон) ва ё ҳуҷҷатҳои асосноккунандаи молиявӣ муайян карда мешавад.
25. Вазифаи асосии меъёрҳои харҷномавӣ ин муайян намудани миқдори меъёрии захираҳое мебошад, ки барои иҷрои намуди марбутаи кор ҳадди ақал зарур ва кофӣ буда, барои минбаъд ба нишондиҳандаҳои арзишӣ гузаштан асос мебошанд.
26. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёру қоидаҳои харҷномавӣ натиҷаи корҳои анҷомёфтаи илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ, омӯзиши таҷрибаи ватанӣ ва хориҷии мураттабсозии ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ асос шуда метавонанд.
27. Ҳамаи ихтилофҳо оид ба масъалаҳои истифодабарии меъёрҳои харҷномавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ мегардад.
28. Ба низоми нархгузорӣ ва меъёрсозии харҷномавӣ дар сохтмон ҳуҷҷатҳои зерин дохил мешавад:
- меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (МҚШ);
- ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмон (ҲРС);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ (МУХ ҶТ - 2007);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои васлкунии таҷҳизот (МУХвҶТ-2011);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои таъмири асосии таҷҳизот (МУХвтҶТ-2011);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои корҳои бакорандозӣ (МУХкҶТ-2011);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои корҳои таъмиру сохтмонӣ (МУХтҶТ-2005);
- меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои корҳои таъмирутаҷдиди иншооти мероси фарҳангӣ (МУХтт ҶТ- 2013);
- нархҳои воҳидӣ барои корҳои сохтмонӣ ва сохтмони махсус (НВҶТ-2009);
- нархҳои воҳидӣ барои васлкунии таҷҳизот (НВв ҶТ- 2009);
- нархҳои воҳидӣ барои таъмири асосии таҷҳизот (НВвт ҶТ-2009);
- нархҳои воҳидӣ барои корҳои бакорандозӣ (НВк ҶТ-2009);
- нархҳои воҳидӣ барои корҳои таъмиру сохтмонӣ (НВт ҶТ-2009);
- меъёрҳои харҷномавии ҷудогона (МХҶ);
- меъёрҳои харҷномавии калонкардашуда (МХК);
- меъёр ва нархномаҳои ягона (МНЛ);
- маҷмӯаи нархҳои асосӣ барои корҳои лоиҳакашӣ дар сохтмон.
29. Меъёрҳои харҷномавӣ дар асоси принсипи ба ҳисоби миёна гирифтан ва то ҳадди имкон кам кардани хароҷоти ҳамаи захираҳои зарурӣ таҳия мешаванд ва ба эътибор гирифтан зарур аст, ки бо мақсади кам кардан меъёрҳо тасҳеҳ карда намешаванд.
30. Меъёрҳо ва нархҳои харҷномавӣ барои иҷрои корҳо дар шароити муътадил пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми иҷрои корҳо дар шароити махсус - тангӣ, газнокӣ, дар назди таҷҳизоти амалкунанда, дар минтақаҳои дорои омилҳои махсус (баландкӯҳ) ва ғайраба меъёрҳо ва нархҳои харҷномавӣ коэффитсиентҳое истифода мешаванд, ки дар муқаррароти умумии маҷмӯаҳои меъёрҳо ва нархҳо нишон дода шудаанд.
31. Дар меъёргузории харҷномавӣ ва нархгузорӣ дар сохтмон намудҳои зерини нархҳо ба захираҳо қабул карда мешаванд:
- нархҳои асосӣ - ин нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба ҳолати 1 январи соли 2009, ки барои коркарди заминаи ягонаи меъёрию харҷномавии нархгузорӣ дар сохтмон асос мебошад;
- нархҳои ҷорӣ - ин нархҳои миёнаи харҷномавӣ, ки дар сатҳи ҷорӣ муайян шудааст;
- дигар намудҳои нархҳо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян карда мешаванд.
32. Дар ҳолати дар маҷмӯаҳои амалкунандаи меъёрҳои харҷномавӣ ва нархҳо мавҷуд набудани баъзе меъёрҳои марбут ба технологияҳои корҳои дар лоиҳа пешбинигашта, меъёрҳои харҷномавии ҷудогона ва нархҳои алоҳида таҳия мегарданд.
33. Меъёрҳо ва нархҳои харҷномавии ҷудогона бо назардошти шароити мушаххас ва баинобатгирии омилҳои мушкилсозандаи истеҳсоли корҳо таҳия карда мешаванд.
34. Истифодаи меъёрҳо ва нархҳои харҷномавии ҷудогона барои муайян намудани арзиши сохтмоне, ки маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ иҷро карда мешавад, баъд аз мувофиқасозии онҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тавсия дода мешавад.
35. Дар меъёрҳо ва нархҳои харҷномавии ҷудогона вобаста ба шароити корӣ ва зарурати бамиёномада, пешбинӣ намудани коэффитсиентҳои баландкунанда ё ин ки пасткунандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар менамояд.
36. Арзиши харҷномавии сохтмони иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳои ба онҳо баробаркардашуда маблағгузорӣ мешаванд, ҳатман бо истифодаи меъёрҳои харҷномавии давлатӣ муайян карда мешавад.
37. Меъёрҳои харҷномавӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасдиқ мегарданд, ба феҳристи ҷумҳуриявии меъёрҳои харҷномавӣ ворид карда мешаванд.
38. Феҳристи ҷумҳуриявии меъёрҳои харҷномавӣ манбаи давлатии иттилоотӣ буда, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, барои оммаи васеи аҳолӣ дастрас мебошад.
39. Тартиби ташаккул ва ҷорӣ намудани феҳристи ҷумҳуриявии меъёрҳои харҷномавиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар менамояд.
40. Таҳияи индексҳои ҷории тағийрёбии арзиши сохтмон бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян намудани тартиби коркард, баррасӣ ва дар амал ҷорӣ намудани индексҳои ҷорӣ;
- аз ҷониби воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ ташкили коркарди индексҳои ҷории тағйирёбии арзиши харҷномавии корҳои сохтмону васлгарӣ, махсусгардонидашуда, таъмир, васлкунӣ, бакорандозӣ ва дигар намудҳои кор, ки барои ҳисобкунии корҳои иҷрошудаи аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарчашмаҳои дигари ғайрибуҷетӣ маблағгузоришаванда истифода мешаванд;
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар намудани давранокии коркарди индексҳо;
- аз рӯи натиҷаи баррасии асоснокии дурнамои индексҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ирсол намудани маълумот оид ба андозаи индексҳои тавсияшаванда ба субъектҳои соҳаи сохтмон.
41. Индексҳои ҷорӣ барои ҳисобҳои харҷномавии арзишӣ бо усули базисӣ - индексӣ, ташкили арзиши ибтидоии сохтмон ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳисобҳо барои корҳои иҷрошуда ва ҳисобҳои умумииқтисодӣ дар соҳаи сармоягузорӣ барои объектҳои сохтмони асосӣ, ки маблағгузориашон бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад, истифода бурда мешаванд.
42. Низоми рамзикунонии захираҳои моддие, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ин қоидаҳое мебошанд, ки аз рӯи онҳо ба объектҳои таснифот рамз ва ё аломати шартӣ дода мешавад. Рамзикунонии захираҳои моддӣ ин принсипи феҳристи ягонаи захираҳои моддӣ мебошад, ки барои ҳамаи субъектҳои соҳаи сохтмон қабул шудааст ва дар соҳаи сохтмон аз ҷониби воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ, ба танзим дароварда мешавад.
43. Ташкил, амалигардонӣ ва пешбурди феҳристи ягонаи рамзикунонии захираҳои моддие, ки дар сохтмон истифода мешаванд, дар асоси тартиби тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, амалӣ карда мешавад.
44. Танзими ҳуқуқӣ ва принсипҳои умумии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" муқаррар карда мешавад.
45. Хангоми гузаронидани расмиёт оид ба хариди мол, кор ва хизматрасонӣ нархи шартнома бо назардошти ҳуҷҷатгузории харҷномавӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми муайян намудани нархи шартнома фармоишгар ва пудратчӣ бояд ҳамаи омилҳое, ки ба нарх таъсири худро мерасонанд ба инобат гиранд: шароит ва муҳлати таҳвил, хатарҳои вобаста ба баланд шудани нарх, андозҳо ва дигар пардохтҳое, ки ба арзиши молҳои (корҳои, хизматҳои) таҳвилшаванда вобастагӣ доранд.
46. Шартнома оид ба хариди давлатӣ аз рӯи нархи пешниҳоднамудаи ғолиби озмун ё пудратчии (таҳвилгари) бо расмиёти дигари хариди давлатӣ интихобшуда бо риояи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои зикрнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби хариди давлатӣ баста ва пардохт карда мешавад.
47. Баъд аз ба имзо расидани шартномаи тарафҳо оид ба хариди мол, кор ва хизматрасонӣ даровардани тасҳеҳҳо ё шартҳои дагар ба он манъ аст, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва муҳтавои дархости озмунро оид ба нишондиҳандаҳои арзишӣ, ки барои интихоби пудратчӣ ё таҳвилгар асос гардидаанд, тағйир диҳанд, лекин дар мавридҳои зарурӣ (дар сурати пайдо гардидани ҳаҷмҳои иловагӣ, ки аз ҷониби фармоишгар тасдиқ гардидаанд)) корҳо дар асоси шартномаи иловагӣ ба анҷом расонида мешаванд.
6. МОНИТОРИНГИ НАРХҲОИ ҶОРИИ ФУРУХТАШАВАНДАИ ЗАХИРАҲОИ МОДДӢ (МАСОЛЕҲ, МАСНУОТ ВА ТАРКИБОТИ СОХТМОНӢ), КИ ДАР СОҲАИ СОХТМОН ИСТИФОДА МЕШАВАНД
48. Мониторинги нархҳои ҷории фурӯхташавандаи захираҳои моддӣ (масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмонӣ), ки дар соҳаи сохтмон истифода мешаванд (минбаъд - мониторинг), мутобиқи Қоидаҳои мазкур ва тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад.
49. Ҳангоми гузарондани мониторинг вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:
- таъмини заминаи харҷномавию меъёрии нархгузорӣ дар сохтмон бо нархҳои ҷории захираҳои моддӣ;
- ташаккули фазои иттилоотии нархҳои ҷории захираҳои моддӣ;
- таъсис додан ва саривақт нав кардани махзани маълумоти нархҳои ҷорӣ, аз он ҷумла махзани электронии маълумот;
- гузарондани таҳлили ҳамаҷониба ва муносибати бонизом ба муайяноозии нархҳои ҷории захираҳои моддӣ дар сохтмон;
- риояи ҳатмии тартиби пешниҳодсозии маълумот оид ба захираҳои моддии истеҳсолшаванда (масолеҳ, маснуот ва таркиботи сохтмонӣ) аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи захираҳои моддӣ, ки дар соҳаи сохтмон истифода мешаванд;
- ташаккули номгӯйи корхонаҳои истеҳсолкунанда ва таҳвилгарони захираҳои моддӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ, хоҷагидорӣ ва шакли моликияти онҳо;
- истифодаи усулҳои нави гузаронидани мониторинг ва таъсисдиҳии махзани ягонаи маълумот.
50. Мониторинг ба воситаи ҷамъоварии маълумот, коркарди электронӣ, таҳлил ва нигоҳдории иттилоот амалӣ гардонида мешавад.
51. Даврияти гузаронидани мониторинг аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муқаррар карда мешавад.
52. Ташаккули натиҷаҳо дар намуди нишондиҳандаҳои нархҳои ҷории захираҳои моддии дар сохтмон истифодашаванда ифодаи анҷомёбии мониторинг аст.
53. Махзани электронии маълумотро воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ, созмон медиҳад.
54. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор бо воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ мубодилаи маълумот мекунанд.
55. Корхонаҳои азим ва миёнаи истеҳсолкунанда ва таҳвилкунанда, ки ба рӯйхат ворид карда шудаанд, бояд ҳатман ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ дар бораи арзиши номгӯйи захираҳои моддии истеҳсол ё таҳвилшаванда мутобиқи шакли тасдиқгашта иттилооти саҳеҳ пешниҳод намоянд ва принсипи шаффофиятро риоя намоянд.
56. Рӯйхати корхонаҳои пуриқтидор ва миёнаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ муайян мекунад.
57. Корхонаҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолӣ (аз ҷумла тахассуси маҳдуддошта) вазифадоранд дар бораи арзиши намудҳои алоҳидаи захираҳои моддӣ барои намудҳои махсусгардонидашудаи масолеҳ маълумот пешниҳод намоянд.
58. Пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани маълумоти ибтидоӣ аз ҷониби ҳисоботдиҳандагон ё пешниҳоди маълумоти носаҳеҳи ибтидоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии ҳисоботдиҳандагон мегардад.
7. ТАЪМИНОТИ МОЛИЛВИИ ВОҲИДИ СОХТОРИИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ ОИД БА НАРХГУЗОРӢ
59. Тартиби маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии иншооти аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин таҳияи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мутобиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
60. Маблағгузории воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба нархгузорӣ, бо роҳи ҷалби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ, шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
61. Баҳсҳо вобаста ба нархгузории корҳои сохтмонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
62. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти давлатӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.