×

Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 259

Санаи амалкуни: 26.10.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замиман 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 259

Замиман 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 259

Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 493)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.10.2023 № 493)

1. Муқаддима

1. Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқӣ, усулҳо, роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти тарифҳои нерӯи барқро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.

2. Консепсияи мазкур тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 дар доираи Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдиқ гардидааст, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия карда шудааст.

3. Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 ва аз 2 июли соли 2015, № 427, инчунин созишномаҳои қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ барои таъмини пурра ва боэътимоди истифодабарандагони нерӯи барқ бо роҳи ҷорӣ намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва дар ин замина ноил шудан ба худтаъминкунии молиявии соҳаи энергетикаи барқии кишвар ва рушди минбаъдаи он равона карда шудааст.

4. Консепсия ба нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсол ва истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон асос ёфта рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи барқиро муайян мекунад ва дар он манфиатҳои миллии Тоҷикистон, манфиатҳои шахсии шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷомеа ҳарчӣ пурратар ба инобат гирифта шудаанд.

5. Консепсия масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои аҳолиро тариқи ба ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон муайян намудани тарифҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок ва ҳамзамон таъминкунандаи ҳифзи манфиатҳои корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетикаи барқиро низ инъикос менамояд.

6. Бо дарназардошти нақши муҳими неруи барқ дар таъмини некӯаҳволии мардум, Консепсияи мазкур масъалаҳои дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба неруи барқ, ҳимояи иҷтимоии онҳо тариқи андешидани чораҳои зарурии молиявӣ, инчунин муқаррар намудани тарифҳои гуногунро пешбинӣ менамояд.

...

Приложение 1 к

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 мая 2017 года, № 259

Приложение 1 к

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 мая 2017 года, № 259

Концепция тарифного регулирования в электроэнергетической отрасли Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 26.10.2023 №493)

(в редакции пост. Правительства РТ от 26.10.2023 №493)

1. Введение

1. Концепция тарифного регулирования в электроэнергетической отрасли Республики Таджикистан (далее - Концепция) определяет стратегические цели и приоритеты тарифного регулирования в электроэнергетической отрасли, методы, пути достижения этих целей и основные направления преобразования тарифов электроэнергии в Республике Таджикистан.

2. Настоящая Концепция разработана в соответствии с распоряжением Президента Республики Таджикистан от 6 октября 2015 года, №РП-594 в рамках Индивидуального плана реструктуризации Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №431, с учетом международного опыта.

3. Концепция основана на Стратегии национального развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, Среднесрочной программы развития Республики Таджикистан на 2016-2020 годы, постановлениях Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №431 и от 2 июля 2015 года, №427, а также кредитных соглашениях Правительства Республики Таджикистан с международными финансовыми структурами и направлена на полное и надежное обеспечение потребителей электроэнергией путем внедрения коммерческих отношений и на этой основе достижения финансового самообеспечения электроэнергетической отрасли страны и дальнейшего её развития.

4. Концепция основана на показателях прогноза производства и использования электроэнергии в Таджикистане, определяет дальнейшее развития электроэнергетической отрасли и в ней более полно учтены национальные интересы Таджикистана, личные интересы граждан и интересы общества.

5. Концепция отражает также вопросы защиты интересов населения путем установления отдельным категориям потребителей экономически обоснованных и в то же самое время обеспечивающих защиту предприятий и учреждении электроэнергетической отрасли.

6. Учитывая важную роль электроэнергии в обеспечении благосостояния населения, настоящая Концепция предусматривает вопросы доступа уязвимых групп населения, к электроэнергии их социальной защиты путем принятия необходимых финансовых мер, а также установления дифференцированных тарифов.

...