ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, № 968
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Аз муқаддимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, № 968 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010, №968 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шавад:
а) аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
б) дар банди 8:
- сархати нуҳум хориҷ карда шавад;
- сархати сиюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- раиси ташкилоти ҷамъиятии "Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон".".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...