Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 № 1422 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 апрели соли 2017 № 736

қабул карда шуд.

 

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 майи соли 2017 № 387

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 31, банди 1) қисми 2 моддаи 32, қисми 1 моддаи 40, банди 7) қисми 1 моддаи 73, банди 5) қисми 1 моддаи 76, банди 5) қисми 2 моддаи 81, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 128, қисми 3 моддаи 133, қисми 2 моддаи 136, банди 1) моддаи 196, банди 2) қисми 1 моддаи 206, қисми 2 моддаи 275 ва қисми 2 моддаи 370 калимаҳои "коди", "рамзи (коди)", "кодгузории", "кодгузоришудае" ва "кодгузоринашуда" мувофиқан ба калимаҳои "рамзи", "рамзи", "рамзгузории", "рамзгузоришудае" ва "рамзгузоринашуда" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 12) моддаи 345 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, банди 13) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"13) воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯи, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".

3. Дар моддаи 491:

- ба қисми 1 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3) танбеҳи қатъӣ;";

- бандҳои 3), 4) ва 5) мувофиқан бандҳои 4), 5) ва 6) ҳисобида шаванд;

- дар қисми 3 калимаҳои "собиқаи корӣ" ба калимаҳои "собиқаи хизматӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 1 моддаи 500(1):

- дар банди 1) рақами "50" ба рақами "53" иваз карда шавад;

- дар банди 2) рақами "55" ба рақами "58" иваз карда шавад;

- дар банди 3) рақами "60" ба рақами "63" иваз карда шавад.

5. Дар моддаи 500(2):

- ба матни модда пеш аз калимаи "Ба кормандони" рақами "1." илова карда шавад;

- дар матни модда калимаҳои "ва баромадан" ба калимаҳои "ва (ё) баромадан" иваз карда шаванд;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки бо асосҳои сархатҳои сеюм, чорум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва нуздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 5), 9), 10), 11), 12) ва 14) қисми 1 моддаи 488 Кодекси мазкур ва (ё) бо асосҳое, ки Оинномаи интизомии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, аз хизмат ҷавоб шудаанд, кумакпулии яквақтаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохта намешавад.".

6. Дар қисми 1 моддаи 501 калимаҳои "додани ёрдампулӣ барои хизмати дарозмуддат" ба калимаҳои "додани иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Муқаррароти қисми 2 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 ва муқаррароти қисмҳои 1, 3-6 Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

30 майи соли 2017 № 1422

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 21 апреля 2017 года, №736

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 18 мая 2017 года, №387

Статья 1. Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 2, ст. 703, ст. 704; 2006 г., №3, ст. 159; 2007 г., №7, ст. 681; 2008 г., №6, ст. 459, №10, ст. 818; 2011 г., №3, ст. 160, №6, ст. 458; 2012 г., №4, ст. 250, №7, ст. 695, ст. 724, №8, ст. 818, №12, ч. 1, ст. 1000; 2013 г., №12, ст. 879; 2015 г., №3, ст. 211; 2016 г., №3, ст. 151, №7, ст. 625, №11, ст. 882), следующие изменения и дополнения:

1. В пункте 12) статьи 345 знак точки заменить знаком точки с запятой ";" и дополнить пунктом 13) следующего содержания:

"13) ввоз оборудования, техники и строительных материалов для туристических объектов (в том числе гостиниц, лечебных санаторий и курортов, туристических центров и других туристических объектов). Список туристических объектов, наименование и количество ввозимого оборудования, техники и строительных материалов утверждаются Правительством Республики Таджикистан.".

2. В статье 491:

- часть 1 дополнить пунктом 3) следующего содержания:

"3) строгий выговор;";

- пункты 3), 4) и 5) считать соответственно пунктами 4), 5) и 6);

- в части 3 слова "стаж работы" заменить словами "стаж службы".

3. В части 1 статьи 500(1):

- в пункте 1) цифру "50" заменить цифрой "53";

- в пункте 2) цифру "55" заменить цифрой "58";

- в пункте 3) цифру "60" заменить цифрой "63".

4. В статье 500(2):

- текст статьи перед словом "Сотрудникам" дополнить цифрой "1.";

- в тексте статьи слова "и выходе" и "при выслуге лет" соответственно заменить словами "и (или) выходе" и "при стаже службы";

- дополнить частью 2 следующего содержания:

"2. Сотрудникам таможенных органов, уволенным со службы по основаниям, указанным в абзацах третьем, четвертом, шестом, седьмом, восьмом, девятом, десятом, одиннадцатом, двенадцатом, тринадцатом, четырнадцатом, шестнадцатом, семнадцатом и девятнадцатом части 1 статьи 42 Трудового кодекса Республики Таджикистан, пунктах 5), 9), 10), 11), 12) и 14) части 1 статьи 488 настоящего Кодекса и (или) по основаниям, предусмотренным Дисциплинарным уставом таможенных органов Республики Таджикистан, единовременное пособие, предусмотренное частью 1 настоящей статьи, не выплачивается.".

5. В части 1 статьи 501 слова "выплаты надбавки за выслугу лет" заменить словами "выплаты надбавки за стаж службы".

Статья 2. Положения части 2 настоящего Закона ввести в действие с 1 января 2017 года, а положения частей 1, 3-6 настоящего Закона ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 30 мая 2017 года, № 1422