ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 апрели соли 2017 № 740
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 400
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, №12, мод. 840; с. 2012, №7, мод. 719; с. 2013, №3, мод. 180; с. 2015, №11, мод. 954), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 1, матни моддаи 3, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 5, қисмҳои 1-3 моддаи 13 ва сархати панҷуми моддаи 288 калимаҳои "(Сарқонуни)" ва "(Сарқонун)" хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 1 ва 4 моддаи 16, сархати дуюми қисми 2 моддаи 33, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 35, қисми 1 моддаи 72, қисми 3 моддаи 210, сархати панҷуми қисми 2 моддаи 218, сархатҳои якум - шашум ва ҳаштум - даҳуми қисми 1 моддаи 226, сархатҳои дуюм ва панҷуми қисми 1 моддаи 227 ва қисми 2 моддаи 232 калимаҳои "қаламрави" "қаламраваш" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва "ҳудудаш" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 6 моддаи 56, қисми 3 моддаи 129, қисми 4 моддаи 247 ва қисми 4 моддаи 251 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
4. Аз қисми 1 моддаи 59 калимаҳои ", кормандони Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.
5. Моддаи 186(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 186(1). Таъиноти хусусӣ
1. Ҳангоми муайян кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул карда, онро ба ташкилот ва шахсони мансабдори дахлдор ирсол намояд, ки онҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати як моҳ аз тадбирҳои андешидаашон ба суд иттилоъ диҳанд.
2. Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа, шахси мансабдор ё дигар шахс аломати ҷиноятро ошкор намояд, маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол менамояд.
3. Нисбат ба таъиноти хусусӣ шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.".
6. Қисми 5 моддаи 249 хориҷ карда шавад.
7. Моддаи 250(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 250(1). Таъиноти хусусии суди марҳилаи кассатсионӣ
Суди марҳилаи кассатсионӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 186(1) Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ қабул намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1420
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЭКОНОМИЧЕСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 21 апреля 2017 года, №740
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №400
Статья 1. Внести в Экономический процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 1, ст. 4, ст. 5; 2011 г., №12, ст. 840; 2012 г., №7, ст. 719; 2013 г., №3, ст. 180; 2015 г., №11, ст. 954), следующие изменения и дополнения:
1. Из части 1 статьи 59 слова ", работники Совета юстиции Республики Таджикистан" исключить.
2. Дополнить статьей 186(1) следующего содержания:
"Статья 186(1). Частное определение
1. При выявлении случаев нарушения закона, суд вправе вынести частное определение и направить его соответствующим организациям или должностным-лицам, которые обязаны в месячный срок сообщить о принятых ими мерах.
2. Если при рассмотрении дела в действиях сторон, других участников процесса, должностных лиц или другого лица, суд выявит признаки преступления, то направляет соответствующие материалы органам прокуратуры для возбуждения уголовного дела в отношении этого лица.
3. Лица, участвующие в деле, и лицо, в отношении которого вынесено частное определение, могут подать частную жалобу на частное определение.".
3. Часть 5 статьи 249 исключить.
4. Дополнить статьей 250(1) следующего содержания:
"Статья 250(1). Частное определение суда кассационной инстанции
Суд кассационной инстанции в случаях, предусмотренных статьей 186(1) настоящего Кодекса, вправе вынести частное определение.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1420