ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 апрели соли 2017 № 742
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 388
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838; с.2013, №12, мод.889, мод.890; с.2015, №3, мод.210, №11, мод.965, мод.966; с.2016, №3, мод.150, №11, мод. 883; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 1398), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 110:
- ба қисми 1 банди 7) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7) Даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ ба муҳлати 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ.";
- дар қисми 2 калимаҳои "банди 6)" ба калимаҳои "бандҳои 6) ва
7)" иваз карда шуда, калимаҳои "тағйирёбии моликони корхона," хориҷ карда шаванд.
2. Ба қисми 4 моддаи 169 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй, миқдори таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1423
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят Постановлением МН МОРТ
от 21 апреля 2017 года, №742
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 18 мая 2017 года, №388
Статья 1. Внести в Налоговый кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 17 сентября 2012 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2012 г., №9, ст.838; 2013 г., №12, ст.889, ст.890; 2015 г., №3, ст.210, №11, ст.965, ст.966; 2016 г., №3, ст. 150, №11, ст.883; Закон Республики Таджикистан от 24 февраля 2017 года, №1398), следующие изменение и дополнения:
1. В статье 110:
- часть 1 дополнить пунктом 7) следующего содержания:
"7) Доходы от туристической деятельности в течение 5 лет с момента государственной регистрации.";
- в части 2 слова "пунктом 6)" заменить словами "пунктами 6) и 7)", слова "изменения собственников предприятия," исключить.
2. Часть 4 статьи 169 дополнить абзацем восьмым следующего содержания:
"- ввоз оборудования, техники и строительных материалов для туристических объектов (в том числе гостиниц, лечебных санаторий и курортов, туристических центров и других туристических объектов). Список туристических объектов, наименование и количество ввозимого оборудования, техники и строительных материалов утверждаются Правительством Республики Таджикистан;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2017 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 30 мая 2017 года, № 1423